Июн 07, 2017 10:01 Asia/Dushanbe
  • Дархости афви умумии зиндониён аз раисиҷумҳури Тоҷикистон

Вазири собиқи умури дохилии Тоҷикистон аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии ин кишвар хост, зиндониёнро афв кунад.

Ёқуб Салимов, вазири собиқи умури дохилии Тоҷикистон бо интишори номае дар сафҳаи Фейсбуки шахсиаш аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон хостааст, дар остонаи таҷлил аз бистумин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ дар кишвар афви умумӣ эълом кунад.

Салимов, ки қаблан дар симматҳои вазири умури дохилии Тоҷикистон, раиси Кумитаи гумрук, вакили Маҷлиси Шӯрои олӣ ва сафири Тоҷикистон дар Туркия фаъолият кардаву моҳи июни соли гузашта аз зиндон раҳо шудааст, дар ин нома таъкид кардааст, ин пешниҳодро метавонед ҳамчун пешниҳоди фардӣ бипазиред, ки дар барқарории сулҳу субот дар кишвар саҳм  доштаву баъдҳо бо дасисаи гурӯҳҳои фурсатталаб қурбонии сиёсатбозиҳои беинсофона шуда ва 13 соли умри худро дар зиндон сипарӣ кардааст.

Ёқуб Салимов дар идомаи ин нома менависад, ҳамаи онҳое ки дар зиндон ҳастанд, гуноҳи исботшудае надоранду бисёре аз онон бо парвандаҳои сохтагӣ ва беасос ба зиндон афтодаанд. Бинобар ин афви умумии дигаре сиёсати башардӯстонаи ҳукумати Тоҷикистонро ошкортару барои гумроҳон низ масири зиндагии воқеиро боз мекунад.

Салимов дар поён афзудааст, ки дар шароити ҳассоси имрӯзи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва печидатар шудани авзои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон як афви дигар бо имзои раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон мақому мартабаи ҳукумати ин кишварро ба маротиб боло хоҳад бурду эҳсоси ватандорӣ ва ватандӯстиро дар замири ҳар тоҷикистонӣ амиқтар хоҳад кард.