Баста шудани дафтари чаҳор ширкати байналмилалии почта дар Тоҷикистон
(last modified Thu, 08 Jun 2017 05:06:09 GMT )
Июн 08, 2017 10:06 Asia/Dushanbe
  • Баста шудани дафтари чаҳор ширкати байналмилалии почта дар Тоҷикистон

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон фаъолияти 4 ширкати байналмилалии почтаро дар ин кишвар мамнӯъ кард.

Ба гузориши сайти “Ахбор”, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҳафтуми июн фаъолияти чаҳор ширкати байналмилалии почтаи фаврӣ бо унвонҳои Pony Express, DHL, UPS ва TNT-ро мамнӯъ ва дафтарҳои онҳоро дар Душанбе бастааст.

Илҳом Атоев, яке аз масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфтааст, аз моҳи феврали имсол бар асоси қавонини мусавваб дар Тоҷикистон ширкатҳои номарасон муваззаф шудаанд, ки барои фаъолият дар ҳудуди ин кишвар аз Хадамоти алоқаи Тоҷикистон иҷозатнома бигиранд.

Пеш аз ин ширкатҳои пустӣ дар Тоҷикистон бидуни муҷаввиз фаъолият мекарданд.

Ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ аз тариқи Иттиҳоди почтаи умумиҷаҳонӣ сурат мегирад.

Дар Тоҷикистон панҷ ширкати пустӣ, шомили “Почтаи Тоҷик” ва ин чаҳор ширкати байналмилалӣ фаъолият мекарданд.

Баста шудани ҳамзамони дафтарҳои ин чаҳор ширкати байналмилалии пуст, муштариёни онҳоро саргардон кардааст.

Онон муътақиданд ин ширкатҳои байналмилалӣ хадамотеро арза мекарданд, ки “Почтаи Тоҷик” тавони иҷрои онҳоро надорад ва агар ҳадаф холӣ кардани бозор аз рақибони “Почтаи Тоҷик” бошад, коре беҳуда аст.