Июн 08, 2017 11:39 Asia/Dushanbe
  • Ибрози ҳамдардии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлату миллати Эрон

Дар пайи ҳамалоти террористии рӯзи гузашта дар Теҳрон, Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёме ба ҳамтои эрониаш бо давлату миллати Эрон ибрози ҳамдардӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин паём бо муроҷиа ба Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон баён доштааст: “Таассуфу таслияти амиқи худро ба ҳодисаи террористӣ дар шаҳри Теҳрон, ки муҷиби куштаву захмӣ шудани ҷамъе аз мардуми бедифоъ шуд, ба шумо иброз мекунам”.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин ин ҷинояти золимонаву террористиро маҳкум ва бар зарурати таъхирнопазири тақвияти муборизаи беамон ва дастаҷамъӣ бо ҳама навъи зуҳуроти терроризму ифротгроӣ таъкид кардааст.

 Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо таслият ба вобастагону наздикони қурбониёни ин ҳодисаи дарднок, аз даргоҳи Худованд барои онҳо сабри ҷамил ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комилро хостор шудааст.

 

Барчасп