“Азия плюс”: Агар инҳисори воридоти сӯхти ҳавопаймо аз байн наравад...
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i18430-Азия_плюс_Агар_инҳисори_воридоти_сӯхти_ҳавопаймо_аз_байн_наравад...
Вокуниши нашрияҳои мустақил ба мақолаи таҳлилии раҳбари Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар мавзӯи илм ва амният, дархости афви зиндониён дар остонаи таҷлил аз 20-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ аз сӯйи Ёқуб Салимов, вазири пешини умури дохилии Тоҷикистон ва афзоиши қиматҳо дар моҳи мубораки Рамазон аз матолиби меҳварии ҳафтаномаҳои чопи Душанбе аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 09, 2017 17:58 Asia/Dushanbe
  •  “Азия плюс”: Агар инҳисори воридоти сӯхти ҳавопаймо аз байн наравад...

Вокуниши нашрияҳои мустақил ба мақолаи таҳлилии раҳбари Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар мавзӯи илм ва амният, дархости афви зиндониён дар остонаи таҷлил аз 20-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ аз сӯйи Ёқуб Салимов, вазири пешини умури дохилии Тоҷикистон ва афзоиши қиматҳо дар моҳи мубораки Рамазон аз матолиби меҳварии ҳафтаномаҳои чопи Душанбе аст.

Нашрияи “Озодагон” дар матлабе бо номи “Мухотабони Ятимов кистанд?” аз мақолаи таҳилилии раҳбари Кумитаи амнияти миллӣ хулосагирӣ кардааст. Ба навиштаи муаллиф, ҳади ақал бо ду сабаб ба ин мақола бояд таваҷҷуҳ кард, аввал ин симмати муаллиф аст, ки дақиқан иттилооти зиёде  дар ихтиёр дошта ва ҳарфи гуфтание ҳам дорад.   Дуввум ин ки бо боздошти мансабдорони фасодкор ин ниҳод собит кард, ки дар фикри амнияти миллӣ ҳаст. Дар идома нашрия менависад, ки ба андешаи муаллиф, Тоҷикистон дар ҳасостарин нуқтаи бархӯрди манофеи қудратҳои ҷаҳонӣ қарор дошта, осебпазир аст ва ба ин хотир ҳамкории кулли мардуми кишвар барои таъмини амнияти миллӣ  ҷавҳари  аслии нерӯи ин ниҳод  дар амри  ҳифозат аз марзу бум ва суботи Тоҷикистон дониста мешавад. Ҳафтаномаи “Фараж” низ ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳ карда, дар саҳфаи аввали хеш навишт: “Саймӯмин Ятимов: Давлат падидаи осмонӣ ё туҳфа нест”. Мақолаи таҳилилии Саймӯмин Ятимов, раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон зери унвони “Илм ва амният”, ахиран, дар нашрияи расмии “Ҷумҳурият” чоп шуда буд, ки дар ҳафтаи ҷорӣ нашрияҳои мустақил низ онро бознашр кардаанд.

Ҳафтаномаҳои “Самак” ва СССР дар саҳфаи хеш номаи бози Ғаффор Мирзоев, генерали зиндонии тоҷикро чоп кардаанд, ки дар он собиқ фармондеҳ аз расонаҳо домангир шудааст. Дар сафҳаи аввали нашрияи “Самак” гуфта мешавад: “Ғаффор Мирзоев хиёнат ба давлат гуноҳест, ки журналистон бофтаанд”. Ҳафтанома менависад, ки Ғаффор Мирзоев, генерал ва фармондеҳи собиқи Горди миллии Тоҷикистон дар паёме аз зиндон гуфтааст, ки ӯ  қурбони дасисаи чанд бадхоҳ шуда буд, вале ба Ватан ва ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хиёнат накардааст. Ғаффор Мирзоев, ки 11 сол пеш ба ҳабси умрбод маҳкум шудааст, дар як паём аз зиндон гуфтааст, дар айбномаи зидди ӯ моддаи 305-уми Кодекси ҷиноятӣ, яъне хиёнат ба Ватан аслан набуд ва инро журналистон бофтаанд. Оиша Мирзоева, хоҳари Ғаффор Мирзоев ба расонаҳо гуфтааст, ки бародараш  ба номи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо дархости афв муроҷиатномаҳои батакрор менависад, вале ин номаҳои ӯро ба дасти раисҷумҳур  намерасонанд. Ба гуфтаи хоҳараш,  бо вуҷуди наздик ба  12 соле, ки дар маҳбас ба сар мебарад, Ғаффор Мирзоев умед ба зиндагӣ ва озодиро аз даст надодааст.

Ҳафтаномаи СССР низ дар саҳфаи аввали хеш аз қавли Ғафор Мирзоев навишт: “Номаҳои ман ба боло намерасанд”. Нашрия менависад, Горди миллӣ бо раҳбарии Ғаффор Мирзоев дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар водии Рашт ба зидди нерӯҳои мухолифин меҷангид ва инчунин дар саркӯби нерӯҳои сарҳанги шӯришгар Маҳмуд Худойбердиев низ нақши муҳим бозӣ карда, назорати минтақаҳои муҳиме чун шаҳри Турсунзода ва Корхонаи алюминиумро ба даст овард. Аммо дар моҳи январи соли 2004 генерал-майор Ғаффор Мирзоев ба таври ногаҳонӣ аз мақоми фармондеҳи Гвардияи миллӣ барканор шуда, баъди вокунишҳои манфии ҷонибдоронаш ба мақоми раиси Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон таъйин шуд. Вале моҳи августи соли 2004 Ғаффор Мирзоев вақти ба кор омаданаш дар саҳни ҳавлии ин ниҳод  боздошт шуда, соли 2006 бар асоси 34 моддаи Кодекси ҷиноӣ ба ҳабси умрбод маҳкум шуд. Гуфта мешавад, Ғаффор Мирзоев ҳоло зиндон дар як утоқ  бо се нафаре, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар сангари муқобил меҷангиданд, нигоҳ дошта мешавад.

Яке аз матолиби меҳварии нашияҳои ин ҳафта муроҷиатномаи Ёқуб Салимов, собиқ вазири умури дохилии Тоҷикистон ба раисҷумҳури ин кишвар  дар мавриди афви зиндониён аст. Рӯзномаи “Имрӯз-нюз” дар саҳфаи аввали хеш бо ҳарфҳои бузург навишт: “Ёқуб Салимов ба президент: Афв кунед”. Ба навиштаи ин рузнома,  Ёқуб Салимов, вазири собиқи умури дохилии Тоҷикистон дар як нома ба президент Эмомалӣ Раҳмон хостори қабули Қонуни афв дар остонаи таҷлил аз 20-солгаии хатми ҷанги шаҳрвандӣ ва имзои Созишномаи сулҳ  шудааст. Ёқуб Салимов дар муроҷиат ба раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, “бовар дорам, ин пешниҳод аз ҷониби Шумо, ки бо бахшиданҳову сиёсати сулҳпарваронаатон машҳури ҷаҳон гаштаед, мавриди марҳамат қарор мегирад”. Ёқуб Салимов афзудааст, ки  ин пешниҳодро ба унвони нафаре мекунад, ки дар “барқарории сулҳу субот дар кишвар то ҷое саҳмгузор” аст. Дар зимн ӯ бо шарҳи ин пешниҳод, 13 соли ҳабси худро “дасисаи гуруҳҳои фурсатталаб” хонда, худро “қурбонии сиёсатбозиҳои беинсофона” номидааст. Ёқуб Салимов дар идома афзудааст, ки “дар маҳбас онҳое ҳам ҳастанд, ки бо парвандаҳои сохтаву беасос пушти панҷара афтодаанд  ва аз ҳамин хотир як афви дигари умумӣ сиёсати башардӯстонаи Ҳукумати Тоҷикистонро барои ҷомеаи дохил ва хориҷи кишвар возеҳтар менамояд ва барои гумроҳон низ дари зиндагии воқеиро мекушояд”. Нашрия ёдовар шудааст, ки худи Ёқуб Салимов, собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, баъди 13 соли маҳбас, моҳи июни соли 2016  аз зиндон озод шуд. Ёқуб Салимов яке аз фармондеҳони бонуфузи Фронти халқӣ буд, ки баробари ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар иҷлоси 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар соли 1992 ба мақоми вазири умури дохилии Тоҷикистон таъйин шуд. Ёқуб Салимов  аз соли  1992 то 1997 ба ҳайси вазири умури дохилии Тоҷикистон кор карда, баъдан сафири ин кишвар дар Туркия буд. Баъди боздошту зиндонӣ шуданаш Ёқуб Салимов аз тамоми рутбаҳои низомӣ ва ҷоизаҳои давлатияш маҳрум гардидааст.

Ҳафтаномаи русизабони “Азия Плюс” дар матлабе бо номи “Туҳфаи рамазонӣ” менавасад, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон нархи билетро дар моҳи рамазон 20 дарсад афзоиш додаанд. Ба навиштаи муаллиф, бинобар сабаби бозгашти оммавии шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан дар остонаи моҳи шарифи Рамазон  ва болоравии талабот ба билетҳои ҳавопаймо аз Русия ба ин кишвар ширкатҳои ҳавопаймоӣ нархи билетҳоро боло бурданд. Ба навиштаи ин манбаъ, ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон нархи билетро аз Русия ба Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 20 дарсад, яъне наздик ба 400 сомонӣ боло бурданд. Далели аслии ин будааст, ки дар ин вақт аксари муҳоҷирони кории тоҷик барои таҷлили Иди Фитр  ба Ватан бармегарданд. Бинобар ин, ба навиштаи муаллиф, нархи билетҳои рафту баргашт ба парвозҳои наздиктарин аз Душанбе ба шаҳри Санкт-Петербург 5 ҳазор сомонӣ ва аз як самт 2 ҳазору 470 сомониро ташкил медиҳад. Нашрия аз қавли масъулини ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон навиштааст, ки наздик ба 40 дарсади қимати ҳар билет харҷи сӯхти ҳавопаймо аст. Дар баробари ин нашрия  менависад, ки яке аз сабабҳои нархи болои билет ин инҳисори воридоти сӯхти ҳавопаймо ба Тоҷикистон аз сӯйи як ширкат аст, ки онро барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ  ду баробар қимат мефурӯшад. Ба хулосаи муаллиф, то замоне ки масъалаи шикастани инҳисори воридоти сӯхти ҳавопаймо дар Тоҷикистон ҳал нашавад, арзон шудани билети ширктаҳои ҳавопаймоии миллӣ баъид ба назар мерасад.