Мамнуияти ҳузури шабонаи навҷавонон дар марокизи саргармии Душанбе
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i18460-Мамнуияти_ҳузури_шабонаи_навҷавонон_дар_марокизи_саргармии_Душанбе
Шаҳрдори Душанбе ҳузури навҷавононро дар марокизи саргармӣ ва кофенетҳо мамнуъ кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 10, 2017 05:32 Asia/Dushanbe
  • Мамнуияти ҳузури шабонаи навҷавонон дар марокизи саргармии Душанбе

Шаҳрдори Душанбе ҳузури навҷавононро дар марокизи саргармӣ ва кофенетҳо мамнуъ кард.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори шаҳри Душанбе бо судури фармоне ҳузури афроди камтар аз синни қонунии 18 солро дар марказҳои саргармӣ ва кофенетҳои пойтахт ба ҳангоми шаб мамнуъ кард.

Ин тасмим бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз афзоиши ҷурм миён навҷавонон гирифта шудааст.

Шаҳрдори Душанбе тамоми марокизи тафреҳӣ ва кофенетҳои пойтахти Тоҷикистонро муваззаф кард, ки дар вурудиҳои худ дастури манъи ҳузури шабонаи навҷавононро насб кунанд ва муроҷиаткунандагон ба ин муассисот танҳо бо ироаи шиноснома ё дигар асноди ташхиси ҳуввият ворид шаванд.

Бар асоси дастури ҷадиди шаҳрдори Душанбе дар сурати ҳузури афроди камтар аз синни қонунӣ дар марокизи саргармӣ ва кофенетҳо дар шаб, волидайни онон масъул ва посухгӯ хоҳанд буд.