Июн 12, 2017 11:32 Asia/Dushanbe
  • Дидори раисиҷумҳури Тоҷикистон бо дабири кулли СММ

Эмомалӣ Раҳмон бо Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони милал дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба гузориши дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ин дидор, ки 11 июн дар Кохи миллат дар Душанбе баргузор шуд, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳидро барои тақвияти истиқлоли Тоҷикистон, ислоҳоти иқтисодӣ ва тавсеаи пойдори кишвараш муҳим донист ва таъкид кард, ки имрӯз дар Тоҷикистон 23 барнома ва проектҳои тахассусии Созмони милал бо муваффақият дар ҳоли иҷро ҳастанд.

Ду тараф ҳамчунин ҳамкорӣ дар иҷрои стратегияи миллии Тоҷикистон то 2030-ро, ки бо мушорикати барномаи тавсеаи Созмони милал таҳия шудааст, мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, бар аҳамияти ҳамкорӣ бо СММ дар иҷрои проектҳои энержӣ, ҳамлу нақл, иртиботот, кишоварзӣ низ таъкид кард.

Ҳамчунин ду тараф дидгоҳҳои худро дар мавзӯъи барқарории сулҳу оштӣ дар Афғонистон баён карданд.

Имрӯз душанбе, Антониу Гутерриш дар шаҳри Душанбе дар конфронси тавсеаи пойдор ширкат ва сухронӣ хоҳад кард.

Дабири кулли Созмони милал дар идомаи сафари худ ба минтақаи Осиёи Миёна, шомгоҳи якшанбе вориди Тоҷикистон шуд ва мавриди истиқболи мақомоти тоҷик қарор гирифт.

Антониу Гутерриш қабл аз Тоҷикистон барои ширкат дар иҷлоси сарони Шанхай, ба Қазоқистон рафта буд ва пас аз сафар ба Узбакистон вориди Тоҷикистон шуд.

Мақсади баъдии дабири кулли Созмони милал, кишвари Қирғизистон хоҳад буд.