Июн 12, 2017 17:39 Asia/Dushanbe

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бар зарурати тақвияти муборизаи муштарак бо ифротгароӣ ва терроризми байналмилаӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон таъкид карда, гуфт, ки дар ин росто СММ бояд нақши калидӣ ва ҳамоҳангсоз дошта бошад.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12 июн зимни суханронӣ дар ҳамоиши байналмилалӣ таҳти унвони “Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир” дар шаҳри Душанбе афзуд, ки дар вазъи феълӣ ягон кишвари дунё ба танҳоӣ наметавонад дар мубориза бо хавфу таҳдидҳои амниятӣ комёб гардад.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, барномаи ҷаҳонии рушди устувор то соли 2030 ба шароите рост омад, ки дар нуқоти мухталифи сайёра миллионҳо нафар мардуми осоишта ба хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳои мазҳабиву геосиёсӣ ру ба ру шудаанд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи суханронии хеш зимни ёдоварӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии кишвараш дар роҳи ҳалли масоили обу муҳити зист гуфт, ки дар раванди татбиқи даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳти унвони об барои рушди устувор ҳамкорию шарикии судманд зарур аст.

Бояд гуфт, ки дар ҳамоиши мазкур, Антонио Гутерреш, дабири кулли Созмони милали муттаҳид, роҳбарону намояндагони воломақоми дигар созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ, корпуси дипломатии муқими Душанбе ва коршиносону масъулони вазорату идораҳои давлати Тоҷикистон  ширкат доштанд.

Дар бахшҳои алоҳидаи ин ҳамоиш масоили таъсири тағйирёбиии иқлим ба рушди Тоҷикистон, таъмини амнияти ғизоӣ, арсаи кишоварзӣ ва амнияти ғизоӣ дар Тоҷикистон: мушкилот ва имкониятҳо барои татбиқи Барномаи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 ва Ҳадафҳои рушди устувор баррасӣ гардиданд.

Дар мулоқоти дабири кулли СММ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон, масоили таҳкими ҳамкорӣ байни ин созмон ва кишварҳои минтақаи ОМ дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла мубориза бо терроризму тундгароӣ, муқобила бо қочоқи маводи мухаддир ва вазъи пуртаниши Афғонистон, баррасӣ шудаанд.

Ҷузъиёти бештари ин хабарро дар гузориши ҳамкорамон Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ аз Душанбе бишнавед. 

Барчасп