Ирсоли парвандаи писари Гулмурод Ҳалимов ба додгоҳ
(last modified Tue, 13 Jun 2017 06:17:10 GMT )
Июн 13, 2017 11:17 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли парвандаи писари Гулмурод Ҳалимов ба додгоҳ

Парвандаи Беҳрӯзи Гулмурод, писари 18-солаи Гулмурод Ҳалимов, яке аз фармондеҳони гурӯҳи тундрави ДИИШ ба додгоҳ ирсол шудааст. Беҳрӯз Ҳалимов ба қасди ҷиноят ва зархаридӣ айбдор мешавад ва ба вай тибқи қонунҳои Тоҷикистон то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Парвандаи Беҳрӯзи Гулмурод, писари 18-солаи Гулмурод Ҳалимов, яке аз фармондеҳони гурӯҳи тундрави ДИИШ ба додгоҳ ирсол шудааст. Беҳрӯз Ҳалимов ба қасди ҷиноят ва зархаридӣ айбдор мешавад ва ба вай тибқи қонунҳои Тоҷикистон то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ба иттилои сайти Ахбор, мақомоти интизомии Тоҷикистон тафтиши парвандаи Беҳрӯзи Гулмурод, писари 18-солаи полковник Гулмурод Ҳалимовро анҷом дода, барои муҳокима ба додгоҳ супурдаанд.

Гуфта мешавад, Беҳрӯз бо афроде, ки худро дӯстони падараш муаррифӣ мекарданд, дар тамос буда, бо ҳидояти онҳо талош кардааст, ба назди падараш ба Ироқ биравад.

Худи Беҳрӯз дар ҷараёни бозпурсиҳо гуфтааст, ки бо падараш тамоси мустақим надошт, вале ба воситаи Интернет аз афроде, ки худро дӯстони Гулмурод Ҳалимов муаррифӣ мекарданд, аз аҳволи падараш маълумот ба даст меовард. Ҳамин афрод ба Беҳрӯз маслиҳат додаанд, ки агар мехоҳад падарашро бубинад, пас пешаш сафар кунад.

Аммо Беҳрӯзи Гулмурод рӯзи 17 апрел, вақте билети парвози Душанбе -Маскавро дар даст дошт, дар манзилашон дар деҳаи Дараи Фонии ноҳияи Варзоб дастгир шуд.

Полковники 42-сола Гулмурод Ҳалимов – фармондеҳи собиқи ОМОН – воҳиди вижаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки дар мактабҳои махсуси Русияву Амрико тамрин гирифтааст, дар моҳи апрели соли 2015 ғайб зад ва моҳи майи ҳамон сол бо нашри як видео дар Интернет хабар дод, ки дар Ховари Миёна аст ва ба сафи созмони тундрави ДИИШ пайвастааст. Баъди фирораш дар соли 2015 мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки алайҳи ин афсари дар гузашта баландпояи милиса бо иттиҳоми "зархаридӣ” парвандаи ҷиноӣ кушода ва Ҳалимовро аз тариқи Интерпол таҳти ҷустуҷуи байналмилалӣ қарор додаанд.