Июн 15, 2017 11:44 Asia/Dushanbe
  • Тавқифи маҳмулаи 320 тоннии колоҳои эронӣ дар гумруки Тоҷикистон

Хадамоти гумруки Тоҷикистон беш аз 320 тон колои эрониро дар ҳангоми вуруд ба ин кишвар тавқиф кард.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, ин колоҳо ба арзиши беш аз 5 миллион сомонӣ шомили чой, ҳалво, кафел, пӯшоки мардона ва занона ва қолин будааст.

Коркунони гумруки “Регар” -и Тоҷикистон пас аз тавқифи вагонҳои ҳомили колоҳои эронӣ, онҳоро барои нигаҳдорӣ ба гумруки “Душанбе – 1” интиқол додаанд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон муддаӣ шудааст, ки ин колоҳои тавқифшуда қочоқ буда ва бидуни назорати гумрукӣ ва борнома ва бо ҷаъли аснод вориди ин кишвар шуда буд.

 Алайҳ намояндаи ширкати воридкунандаи мавсум ба “Тозагии савдо” парвандаи қазоӣ ташкил шудааст ва дар сурати исботи иттиҳомот, вай бар асоси қавонини Тоҷикистон ба 5 то 10 соли зиндон маҳкум хоҳад шуд.