Июн 15, 2017 19:49 Asia/Dushanbe
  • Оғози наздикҳангоми марҳалаи муҳимми сохти неругоҳи Роғун

Марҳалаи муҳимми сохти садди неругоҳи барқи обии Роғун, рӯйи рӯдхонаи Вахш дар шарқи Тоҷикистон ба зуддӣ оғоз мешавад.

Ба гузориши манобеи тоҷик, бо истинод ба изҳори назари имрӯз (панҷшанбе) масъулони неругоҳи дар дасти сохти Роғун, ин марҳала ба думболи поёни сохти бахши поёнии садди неругоҳ, ки ҳаҷми он, 35 ҳазор метр мураббаъ аст, шурӯъ шуда ва то моҳи апрели сол 2019 идома меёбад.

Қарор аст, дар соли 2019 нахустин чархаҳои неругоҳ ба тавлиди барқ оғоз кунанд.

Масъулияти такмили сохти неругоҳи Роғун бар ӯҳдаи ширкати итолиёии “Салини Имперҷило” аст.

Эмомалӣ Раҳмон- раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ин тарҳи азими энержӣ ба унвони масъалаи ҳаёт ва мамоти Тоҷикистон ёд кардааст.

Тарҳи сохти ниругоҳи Роғун аз замони Шӯравӣ оғоз шуда, ба далоили заъфи мудирити раҳбарони гузаштаи Тоҷикистон, мухолифати кишвари ҳамсоя  Узбакистон, ҷанги дохилии Тоҷикистон ва коршикании ширкати русии Русал, то ба ҳол ба таъхир афтодааст.