Июн 16, 2017 17:56 Asia/Dushanbe
  • Имзои нуҳ санади ҳамкорӣ байни Душанбе ва Ереван

Тоҷикистону Арманистон нуҳ санади ҳамкорӣ имзо карданд.

Дар сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Ереван ду тараф нуҳ санади ҳамкорӣ ба имзо расонданд.

Сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Арманистон 14-15-уми июн бо даъвати расмии Серж Саргсян, раисҷумҳури Арманистон сурат гирифт. Ин асноди ҳамкорӣ шомили осонсозии сафарҳои мутақобили шаҳрвандони ду кишвар, тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаи хадамоти ҳавоӣ, почта ва мухобирот, беҳдошт, варзишу ҷавонон, ҳамкорӣ миёни вазоратҳои умури хориҷии ҷумҳурҳои Тоҷикистону Арманистон дар солҳои 2018-2019, тақвияти ҳамкорӣ миёни додситониҳои кул ва академияҳои улуми ду кишвар аст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар сафар ба Ереван зимни дидору гуфтугӯ бо мақомоти олии Арманистон аз бархе корхонаҳои саноатии ин кишвар боздид кард. Дар ҳошияи ин сафар ҳамоиши иқтисодии бахшҳои давлатӣ ва хусусии Тоҷикистону Арманистон низ баргузор шуд.