“Тоҷ-Ирон” бозори Тоҷикистонро тарк кард
Фаъолияти корхонаи муштараки тракторсозии “Тоҷ-Ирон” баъд аз 10 соли кор дар Тоҷикистон мутаваққиф шуд.
Ба гузориши сайти “Топ.тҷ”, дар ҳоле ки мақомоти тоҷик иллати таваққуфи фаъолияти ин ширкати тракторсозиро ба нокомии он рабт медиҳанд, масъулони эронии ин корхона мегӯянд, ки Тоҷикистон дигар ниёзе ба кори ин корхона надорад.
Мақомоти Вазорати саноат ва фанновариҳои муосири Тоҷикистон бо таъйиди хабари таваққуфи комили фаъолияти корхонаи “Тоҷ-Ирон” гуфтаанд, ки дар ин тасмим ҳеч ангезаи сиёсӣ вуҷуд надорад.
Ба гуфтаи онҳо ин корхона натавонист дар бозори кишоварзии Тоҷикистон ҷойгоҳи худро ҳифз кунад ва ба ҳамин далел таътил шуд.
Масъулони корхонаи “Тоҷ-Ирон” ҳам гуфтаанд, ки ба онҳо гуфта шудааст, ки тавлидоти онҳо дар Тоҷикистон мутақозӣ надорад ва бояд бозори ин кишварро тарк кунанд.
Ширкати муштараки “Тоҷ-Ирон” бар асоси тавофуқномаи Вазорати саноати Тоҷикистону ширкати тракторсозии Ҷумҳурии исломии Эрон моҳи июни соли 2006 кори худро дар Душанбе оғоз кард.
Ин корхона, ки 51 дарсади саҳми он мутааллиқ ба Эрон буда, тавони тавлиди солона 2 ҳазор тракторро доштааст.
Корхонаи муштараки трокторсозии “Тоҷ-Ирон” аз ҳудуди як соли пеш ҳеч тавлиде надоштааст.
Ҳамакнун дар Душанбе танҳо дафтари кории ин ширкат фаъол аст.