Июн 17, 2017 10:31 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Амрико дар бораи амалиёти террористӣ дар Тоҷикистон

Сафорати Амрико дар Душанбе дар бораи эҳтимоли вуқӯи амалиёти террористӣ дар Тоҷикистон ҳушдор дод.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Вазорати умури хориҷаи Амрико дар иттилоияе ба шаҳрвандони амрикоии муқими Тоҷикистон дар бораи эҳтимоли иҷрои амалиёти террористӣ дар ин кишвар ҳушдор додааст.

 Дар ин иттилоия омадааст, ҳарчанд гурӯҳҳои созмонёфтаи террористӣ ахиран дар Тоҷикистон амалиёте надоштаанд, аммо эҳтимоли чунин амалиёте дар 6 то 12 –уми моҳи оянда афзоиш ёфтааст.

Дафтари амнияти дипломатии Вазорати умури хориҷаи Амрико ҳамчунин таъкид кардааст, ки террористҳо эҳтимолан шаҳрвандони Амрикоро ҳадаф қарор хоҳанд дод.

Сафорати Амрико аз шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон хостааст, ки дар манотиқи марзии ин кишвар бо Афғонистон ҳушёр бошанд, аз ҳузур дар маконҳои холӣ аз мардум ва низ маконҳои пуриздиҳом худдорӣ кунанд ва дар моҳҳои пеширӯ аз васоили нақлияи умумӣ ҳам истифода накунанд.

Сафорати Амрико пеш аз ин ҳам дар моҳҳои ноябр ва декабри соли 2016 ҳушдорҳои мушобеҳеро барои шаҳрвандони амрикоӣ дар Тоҷикистон матраҳ карда буд.

 

Барчасп