Июн 17, 2017 13:28 Asia/Dushanbe
  • Сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Ереван

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Ереван бо Серж Саргсян, раисиҷумҳури Арманистон дидор ва гуфтугӯ кард

Ба гузориши хабаргузории Форс аз Душанбе, дар ин дидор, ки 15 июн дар Ереван анҷом шуд, мақомоти ду кишвар 9 санади ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф имзо карданд.

Бо вуҷуди он ки пас аз истиқлоли Тоҷикистон ва Арманистон дар соли 1991, равобити ду кишвар барқарор шуд ва шакл гирифт, бояд гуфт, Душанбе ва Ереван нахуст бо эҳтиёт гомҳои иҷроӣ ва амалиро барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба бардоштаанд. Пеш аз ин, мақомҳои Тоҷикистон ва Арманистон дар маҷмуъ 30 санади ҳамкории дуҷониба имзо карда буданд. Аммо ин асноди ҳамкорӣ монанди соири асноди ҷумҳуриҳои вобаста ба блоки шарқи собиқ, сирфан бар рӯи коғаз монда буд ва ҳечгоҳ иҷроӣ нашуд

Ин дар ҳоле аст, ки дар дидорҳои пешини мақомҳои Душанбе ва Ереван, дутараф бар иҷрои тавофуқномаҳои имзо шудаи дуҷониб таъкид мекарданд. Бо вуҷуди он ки меҳвари муносиботи мутақобили кишварҳои ҷаҳон бар ҳамкориҳои иқтисодӣ мутамаркиз аст, равобит ва ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арманистон умдатан дар заминаҳои ғайри иқтисодӣ дар ҳоли шаклгирӣ ва рушд аст. Шакке нест, ки ба далели фиқдони тавлиди колоҳои зарурии мутақобил, имкони густариш ва тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории миёни ду кишвар чандон зиёд нест. Дар муқобил, ҳамкориҳои сиёсӣ ва омӯзиши Тоҷикистон ва Арманистонро бояд аз ҷумла меҳварҳои аслии гуфтугӯҳои мақомҳои ду кишвар қаламдод кард. Ин дар ҳоле аст, ки ҳар ду кишвар зимни доро будани иқтисоди заиф, ниёзманди ҷазби сармоягузории хориҷӣ ҳастанд ва ба шиддат вуруди сармоя ба дохилро ҳоизи аҳамият медонанд. Бо вуҷуди ин, Эмомалӣ Раҳмон ахиран дар дидор бо сафирони чанд кишвари ҷаҳон, сиёсати хориҷии ин кишварро ташреҳ кард. Ба гуфтаи вай, меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистон , сиёсати дарҳои боз аст ва дар чорчӯби ин асл, давлати Душанбе барои густариши муносиботи дӯстона ва ҳамкории судманд бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, талош хоҳад кард.

Тоҷикистон, ки тайи солҳои пас аз истиқлол, дар ҷанги дохилӣ гирифтор буд, саранҷом бо мусоидати давлатҳои мустақили минтақа бавижа Ҷумҳурии Исломии Эрон бар ҷанги дохилӣ фоиқ омад ва даврони оромишро тай мекунад. Дар ҳоле, ки Арманистон ба далели ихтилофи арозӣ бо ҷумҳурии Озарбойҷон бар сари моликияти минтақа Қарабоғ, ҳамчунон даргири ҷанг бо тарафи хориҷӣ аст. Бадеҳӣ аст, ки барои раҳбарони давлати Ереван, мавзеъгирии мақомҳои Тоҷикистон дар бораи муноқишаи арзии ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон аз аҳамияти зиёде бархӯрдор аст. Ин дар ҳоле аст, ки Тоҷикистон ҳамкориҳоии дӯстонае бо ҷумҳурии Озарбойҷон дорад. Ба ҳамин далел, мақомҳои давлати Душанбе ҳамвора талош мекунанд, то мавозеи муҳофизакоронае дар ин иртибот иттихоз кунанд.

Дар охирин мавзеъгирии мақомҳои давлати Душанбе, Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, дар ҳошияи 34-умин нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Дарёи Сиёҳ дар Сочи, дар ҷараёни конфронси матбуотӣ бо ҳамтои арманистони худ, мавозеи давлати Душанберо дар иртибот бо муноқишаи Қарабоғ такрор кард. Дар он конфронси хабарии муштарак вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, бо ибрози нигаронӣ аз идомаи хусумат миёни ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон ва ташдиди таниш дар манотиқи мавриди муноқиша ва хутути тамоси неруҳои низомии ду кишвар, гуфт, ба назари мо роҳи ҳалли ҳамаи муноқишот, барқарории дӯстӣ ва сулҳ аст.

Коршиносон , изҳороти моҳи майи соли гузаштаи мелодӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар бораи ҳалли масъалаи Қарабоғ аз тариқи гуфтугӯро камҳазинатарин роҳи мавҷуд қаламдод мекунанд, аммо бояд гуфт, ин рӯйкарди такрорӣ, хунсо ва дипломатӣ дар маҳофили сиёсӣ ва расонаии минтақа, як рӯйкард ва нигоҳи муҳофизакорона талаққӣ мешавад.

Дар маҷмӯъ, дар пайи сафари ҷории раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Арманистон, интизор меравад ҳамкориҳои ду кишвар дар соли ҷорӣ ва солҳои оянда, раванди рӯ ба густаришро тай кунад.