Талоши Тоҷикистон барои истихроҷи бештари ангиштсанг
Истихроҷи ангиштсанг дар Тоҷикистон дар ҳафт моҳи моҳи соли ҷорӣ дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 210 ҳазор тон афзоиш ёфтааст.
Ба гузориши сайти "Азия плюс", дар ҳафт моҳи имсол дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор тон ангиштсанг истихроҷ шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи порсол 210 ҳазор тон афзоишро нишон медиҳад.
Бар асоси ин гузориш? рӯзона дар Тоҷикистон ба таври миёна 8 ҳазор тон ангиштсанг истихроҷ мешавад.
Акнун дар анборҳои вазорати саноеъ ва фанновариҳои ҷадиди Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор тон ангиштсанг захира шудааст.
Дар Тоҷикистон дар соли 2013 тавлиди ангиштсанг ба 520 ҳазор тон расида буд, ки дар соли 2015 ин шохис ба беш 1 миллион тон расид, ки дар торихи ин кишвар бесобиқа аст.
Гуфта мешавад, ки тавлиди ангиштсанг дар Тоҷикистон дар даврони қабл аз истиқлол 309 ҳазор тон будааст.
Дар Тоҷикистон захоири бузурги ангиштсанг дар майдонҳои "Фон", "Шӯроб" ва "Яғноб" дар устони Суғд, "Назарайлоқ" дар водии Рашт, "Зидеҳ" дар шимоли шаҳри Душанбе ва "Сайёд" дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат мавриди истифода қарор мегирад.
Дар ҳоли ҳозир ба далели таъмини ниёзи дохилӣ, содироти ангиштсанг аз Тоҷикистон ба хориҷ мамнӯъ аст.