Аввалин қатори мусофирӣ аз Душанбе вориди Остона шуд
(last modified Mon, 19 Jun 2017 14:38:21 GMT )
Июн 19, 2017 19:38 Asia/Dushanbe
  • Аввалин қатори мусофирӣ аз Душанбе вориди Остона шуд

Ширкати роҳи оҳани Қазоқистон аз аввалин вуруди қатори мусофириии Душанбе ба шаҳри Остонаи Қазоқистон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, ширкатҳои роҳи оҳани Тоҷикистону Қазоқистон дар бораи роҳандозии қатори Душанбе-Остона қарор қабул намуданд.

Ибрози умедворӣ шудааст, ки қатори Душанбе-Остона дар марҳилаи баргузории Намоишгоҳи байналхалқии “EXPO-2017” боиси рушди туризм шавад.

Ин қатор аз Душанбе рӯзҳои панҷшанбе ва аз Остона рӯзҳои душанбе ҳаракат менамояд.