Июн 22, 2017 12:13 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии гузоришгари СММ аз вазъи озодии баён дар Тоҷикистон

Гузоришгари вижаи Созмони милал бо ибрози нигаронӣ аз вазъи озодии баён дар Тоҷикистон аз наҳваи бархӯрди давлати ин кишвар бо хабарнигорону дигарандешон интиқод кард.

Ба гузориши “Топ.тҷ”, Дейвид Кэй, гузоришгари вижаи Созмони милал барои озодии баёну андеша, дар гузориши ахири худ дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал гуфт, роҳкоре ки ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини суботу ҷилавгирӣ аз ноамнӣ дар пеш гирифтааст, натоиҷи баръакс хоҳад дод.

Гузоришгари вижаи Созмони милал бо ишора ба ҷо доштани мавориде аз фишор ба хабарнигорон дар Тоҷикистон афзуд, ҳукумати ин кишвар низ сонсури интернет, аз ҷумлаи масдудсозии вебсайтҳои хабариро таъйид кардааст.

Дейвид Кэй, ки соли 2016 дар Тоҷикистон ҳузур дошта, дар гузориши вижае дар ин бора гуфтааст, ҳоло ҳукумат ба маҳдуд кардани матбуоти мустақил, маҳдуд кардани дастрасӣ ба иттилоот, танг кардани фазо барои фаъолияти ҷавомеи маданӣ ва андешаҳои демократии мухолиф тамаркуз кардааст, ки ба зарари худи ҳадафҳои ҳукумат, яъне таъмини суботу амният дар ин кишвар аст.

 Ба гуфтаи Дейвид Кэй, тамаркузи беш аз ҳадди ҳукумати Тоҷикистон ба эҷоди маҳдудият барои дигарандешон, маҳдуд кардани озодии баён ва дигар ҳуқуқҳои инсонӣ хатарҳои мавҷуд ба амният дар ин кишварро бештар мекунад.

Дар гузориши Дейвид Кэй, ки дар ҷаласаи Шӯрои ҳуқуқи инсон дар Созмони милал баррасӣ шуд, омадааст: “Тоҷикистон ба як фазои амниятӣ ва ба навъе ғайриоддӣ рӯбарӯст. Аз як тараф Афғонистони ноором бо марзи тӯлонӣ, аз тарафи дигари афзоиши ифротгароӣ дар минтақа таҳдидҳои амниятии Тоҷикистонро бештар кардаанд”.

Дар ҳамин ҳол Ҷамшед Ҳамидов, намояндаи Тоҷикистон дар муассисаҳои Созмони Милал дар Женева гузориши Дейвид Кейро яктарафа хондааст. Вай  зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милал гуфт, ки Дейвид Кей қонунгузории кишвар ва тадбирҳои Тоҷикистон барои мубориза бо терроризмро ба инобат нагирифтааст.