Июн 22, 2017 18:12 Asia/Dushanbe
  • Парлумони Тоҷикистон ба бозорҳои байналмилалии молӣ баровардани вомбаргҳои давлатиро тасвиб кард

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар бозорҳои байналмилалии молӣ вомбаргҳои давлатиро ба маблағи ҳудуди 1 миллиард доллар ба фурӯш барорад.

МН парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири хеш мусавабаи давлати ин кишвар дар мавриди ба бозорҳои байналмилалии молӣ баровардани вомбаргҳои давлатиро тасвиб кард.

Ба гуфтаи масъулони Вазорати молияи Тоҷикистон ҳадаф аз ин иқдом ҷалби сармояи хориҷӣ барои бунёди неругоҳи обии "Роғун" дар ин кишвар аст.

Ҷамшед Нурмуҳаммадиён, муовини вазири молияи Тоҷикистон, дар ин ҷаласаи парлумон гуфт, ки  баровардани вомбаргҳои давлатӣ таҷрибаи нахустини ин кишвар буда ва ҳадаф аз он ҷалби сармоя тавассути бозорҳои байналмилалии молӣ барои сохтмони неругоҳи Роғун  аст.

Ба гуфтаи вай  дар марҳилаи аввал ба маблағи  500 миллион доллар вомбаргҳои давлатӣ ё худ  “евробонд” ба бозори байналмилалии молӣ пешниҳод шуда, қарор аст ин коғазҳои қиматнок дар бозорҳои молии байналмилалии Амрико дар чорчӯби қонунгузории ин кишвар ба фурӯш барояд.

​Аз сӯи дигар  Шариф Раҳимзода  раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон  тасмими ҲТ дар мавриди ба бозорҳои байналмилалии молӣ баровардани вомбаргоҳои давлатиро дар вазъи феълӣ иқдоми зарурӣ хонд.  

Дар баробари ин зимни баррасии ин мусавабаи ҲТ  дар парлумон намояндагони мардумӣ  мавзуи хатарҳои эҳтимолӣ дар ин иқдоми давлатро матраҳ карданд.

Шариф Раҳимзода раиси кумитаи иқтисод ва молияи МН вуҷуди хатарҳои эҳтимолӣ, аз ҷумла пеш омдани мушкили дар бозпардохти маблағи вомҳои давлатӣ ва суди онҳоро эътироф кард, аммо гуфт, ки Тоҷикистон бояд неругоҳи  Роғунро бунёд кунад .

Бино ба иттилои вазорати молияи Тоҷикистон айни замон қарзҳои хориҷии ин кишвар ба 35 дарсади Маҷмӯъи Маҳсулоти Дохилӣ баробар аст, ки дар сурати фуруши вомбаргҳои давлатӣ  дар соли оянда   ин рақам ба 39,4 дарсад хоҳад расид.

Хати қирмиз дар ҷалби қарзҳои хориҷӣ  барои Тоҷикистон дар ҳаддӣ  40 дарсади Маҷмӯъи Маҳсулоти Дохилӣ дониста мешавад.

Ҳамзамон гуфта мешавад, ки вазорати молияи Тоҷикистон бо Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Неругоҳи Роғун” созишномаи зерқарзӣ имзо кардааст, ки бар асоси он, пас аз фаъол шудани неругоҳи Роғун суди вомбаргҳои  давлатӣ марҳила ба марҳила пардохт хоҳад шуд.

Интизор меравад, ду чархаи аввали нерӯгоҳи Роғун моҳи июли соли 2018 ва апрели соли 2019 мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.  

Ҳукумати Тоҷикистон барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун моҳи июли соли 2016 бо ширкати итолиёии"Салини Импреҷило С.п.А." ба маблағи наздики 4 миллард  доллар созишнома имзо кард.

Гутафнист неругоҳи обии  Роғун бо сади хокии 335 метр  бузургтарин неругоҳи минтақа хоҳад шуд.   Ин неругоҳ дорои шаш турбин бо зарфияти умумии 3600 МВТ буда, дар сол беш аз 13 миллар кв соат барқ тавлид хоҳад кард.