Август 09, 2016 16:39 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури 200 зани тоҷик дар гурӯҳҳои террористии Ироқ ва Сурия

Кумитаи умури занон ва оилаи Тоҷикистон аз ҳузури 200 зани тоҷик дар Ироқ ва Сурия хабар дод, ки шавҳарони бештари онҳо дар даргириҳои ин ду кишвар кушта шудаанд.

Ба иттилои хабаргузории Форс, Кумитаи умури занон ва оилаи Тоҷикистон эълом кард: 90 дарсади занҳои тоҷик, ки ба Ироқ ва Сурия рафтаанд, бо иҷбори шавҳарон ва бародарони худ иқдом ба ин сафар кардава теъдоди каме аз онҳо бо дарёфти пул ба ДИИШ дар Сурия ва Ироқ пайвастаанд.  

Кумитаи умури занон ва олиаи Тоҷикистон, вазъияти занони тоҷик дар Сурия ва Ироқро нохушоянд тавсиф ва тасреҳ кардааст, ки онон дар шароите зиндагӣ мекунанд, ки ҳатто ҳамсаронашон ҳечгуна ҳаққе дар баробари занони худ надоранд.

Маҳбуба Азимова, аз масъулони Кумитаи умури занон ва олиаи Тоҷикистон гуфтааст: Он даста аз заноне, ки дар Сурия ва Ироқ шавҳарони худро аз даст додаанд, сахттарин рӯзҳоро сипарӣ мекунанд ва тамоюл ба хуруҷ аз ин манотиқ доранд, аммо ин кор бисёр мушкил аст.

Азимова афзуд: Бештари занҳои тоҷики пайваста ба ДИИШ аз аҳолии вилоятҳои Суғд ва Хатлон ҳастанд.

Ҳамакнун беш аз ҳазор шаҳрванди тоҷик дар Сурия ва Ироқ ҳузур доранд, ки батаври мутавассит як панҷуми онон занон ҳастанд.

Барчасп