Стипендияҳои шаҳрдории Душанбе барои хонандагони тоҷик
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i19218-Стипендияҳои_шаҳрдории_Душанбе_барои_хонандагони_тоҷик
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе барои хонандагони беҳтарини мактабҳои миёна ва омӯзишгоҳҳои пойтахт 200 стипендия таъсис додааст. Ин стипендияҳо ба маблағи 250 сомонӣ аз 1 сентябр то 1 июн пардохт мегардад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 26, 2017 16:45 Asia/Dushanbe
  • Стипендияҳои шаҳрдории Душанбе барои хонандагони тоҷик

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе барои хонандагони беҳтарини мактабҳои миёна ва омӯзишгоҳҳои пойтахт 200 стипендия таъсис додааст. Ин стипендияҳо ба маблағи 250 сомонӣ аз 1 сентябр то 1 июн пардохт мегардад.

Ба иттилои дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе, раиси ҳукумати шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба муносибати Соли ҷавонон қарори махсусеро содир намуд.

Тибқи ин қарор, стипендияи раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе барои 200  нафар ба маблағи 250 сомонӣ дар як моҳ ва барои нӯҳ моҳи соли хониш ихтисос хоҳад ёфт.

Ин стипендияҳо бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани ҷавононе, ки рафтори намунавӣ ва хониши хубу аъло дошта, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд, таъсис дода гардидааст.