Июн 27, 2017 19:09 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҷашни Ваҳдати Миллӣ дар шаҳри Ваҳдат бо ҳузури раисҷумҳури Тоҷикистон

Дар соли ҷорӣ маросими таҷлил аз Рӯзи Ваҳдати Миллӣ дар Тоҷикистон, ки аз имзои ин созишномаи таърихӣ 20 сол сипарӣ мешавад, дар шаҳри Ваҳдат бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон баргузор шуд.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27-уми июн зимни сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат, нахуст дар маросими ифтитоҳи як бинои 20 ошёнаи маскунӣ, сохтмони нави шуъбаи умури дохилӣ,  коргоҳи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва маркази таъмири худравҳо дар ин шаҳр ширкат кард.

Ҳамчунин раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат дар тӯйи арӯсию домодии 30 ҷавон ва хатнасури 20 кӯдак  аз хонаводаҳои камбизоат ширкат намуда,  ба навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ ва ба кӯдакон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Дар ҳамин ҳол раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми телевизонии худ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати Миллӣ, ҷанги дохилии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистонро кори дасти душманони дохиливу хориҷии миллати тоҷик дониста, афзуд, ки он замон хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон вуҷуд дошт.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, меваи сулҳ бо майлу иродаи қавӣ, ҷидду ҷаҳд ва хости мардуми Тоҷикистон ба даст омада, фарзандони асил ва бонангу номуси миллат ба мубориза бархоста ва собит сохтанд, ки миллати тоҷик бо таърихи тӯлониву пурифтихор наметавонад бо мудохилаи хориҷӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аз байн биравад.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдати Миллӣ дар сурате пойдор боқӣ мемонад, ки агар ҳар як шаҳрванди ин кишвар манфиати милливу давлатиро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузошта, барои иттиҳоду ягонагии ҷомеа талош намояд.

Ёдовар мешавем, ки 20 сол қабл, 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав миёни аъзои ҳукумат ва раҳбарияти Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ имзо шуд. Ҳукумати Тоҷикистон ба раҳбарии президент Эмомалӣ Раҳмон ва мухолифин – бо раҳбарии Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар ин зери ин санад имзо гузоштанд.  

Бар асоси ин созиш мухолифин афв ва дубора ба Тоҷикистон баргашта, тибқи шарти 30-дарсадии узвият дар ҳукумат, намояндаҳои мухолифин соҳиби мақому вазифа шуданд.

Бар асоси оморҳои нашршуда, дар замони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон, беш аз  100 ҳазор нафар ҷон бохта,  53 ҳазор кӯдак ятим монданд.

Инчунин ҳудуди як миллион нафар ба далели ҷанг дар Тоҷикистон, дар кишварҳои хориҷӣ, аксаран дар Афғонистон паноҳанда шуданд.  Афзун бар ин  хисороти расида ба иқтисоди Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ  надики 10 миллиард  доллар арзёбӣ шудааст.

Аз соли 1997 ба ин сӯ, дар Тоҷикистон санаи 27-уми июн Рӯзи Ваҳдати Миллӣ эълом шудааст.

 

Барчасп