Август 09, 2016 17:20 Asia/Dushanbe
  • Оғоз ба кори Ҳамоиши байналмилалии об дар Душанбе

Ҳамоиши байналмилалии "Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт" имрӯз бо ҳузури раисҷумҳури Тоҷикистон ва намояндагони 90 кишвари ҷаҳон дар шаҳри Душанбе оғоз ба кор кард.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, раисҷумҳури Тоҷикистон дар маросими оғози ин ҳамоиши байналмилалӣ бо ишора ба гарм шудани бесобиқа ва тағйири иқлими замин гуфт: Кишвари Тоҷикистон, ки захирагоҳи ҳудуди 60 дарсади манобеи оби минтақаи Осиёи Марказӣ аст, аз таъсири манфии тағйири иқлим барканор намонда ва дар даҳ соли ахир, наздики 30 дарсади пиряхҳои ин кишвар об шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба идомаи раванди об шудани пиряхҳо дар Тоҷикистон афзуд: Раванди тағйири иқлим метавонад ба иқтисоди ҷаҳон ҳамасола то 2 триллион доллар зарар ворид кунад.

Раисҷумҳури Тоҷикистон камбуди обро аз мушкилоти аслии ҷомеаи башарӣ дар ояндаи наздик арзёбӣ кард ва гуфт: Афзоиши ҷамъият ва камбуди об сабаби бурузи таниши дар равобити байни давлатҳо ва пайдоиши мушкилоти ҷиддӣ дар дохили кишварҳо хоҳад шуд.

Дар Ҳамоиши байналмилалии "Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт" дар Душанбе, ки ба муддати се рӯз идома дорад, ҳудуди 700 меҳмон аз 90 кишвари ҷаҳон, 47 созмони байналмилалӣ ва минтақаӣ ҳамчуни Созмони ҳамкории Шанҳай, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Салиби Сурх ва ғайра ширкат кардаанд.

Созмони милали муттаҳид бо ибтикори Тоҷикистон солҳои 2005-2015-ро даҳаи об барои зиндагӣ эълом карда буд.

Тоҷикистон интизор дорад, ки кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ аз пешниҳоди тозаи давлати Душанбе барои эъломи як даҳаи дигар дар Созмони милал мавсум ба даҳаи "Об барои рушди устувор" ҳимоят кунанд.

Имрӯза дар ҷаҳон бештар аз 276 ҳавзаи дарёҳои фаромарзӣ вуҷуд дорад, ки қаламрави 148 кишвар ва беш аз 40 дарсади аҳолии ҷаҳонро дар бар мегирад ва тавсеаи ҳамкориҳои муассир дар ҳавзаи об, дар таъмини суботи байналмилалӣ ва рушди иқтисодии кишварҳо таъсиргузор хоҳад буд.