Июн 28, 2017 12:09 Asia/Dushanbe
  • Путин Рӯзи Ваҳдати Миллии Тоҷикистонро табрик гуфт

Раиси ҷумҳурии Русия дар паёме ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро ба вай ва мардуми Тоҷикистон табрик гуфт.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Владимир Путин бо ирсоли паёми табрикӣ ба Эмомалӣ Раҳмон, ҳамтои худро ба муносибати бистумин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва Рӯзи Ваҳдати Миллӣ муборакбод гуфт.

Раиси ҷумҳурии Русия дар паёми худ таъкид кардааст, ки ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ рӯйдоди муҳиме дар таърихи Тоҷикистон буда ва боиси хотимаи ҷанги чандинсолаи шаҳрвандӣ ва даст ёфтан ба ваҳдати миллӣ шудааст.

 Ин паём ҳамчунин бо ишора ба ин ки сулҳ роҳи рушд ва иртиқои Тоҷикистонро боз намудааст, меафзояд, дар он солҳо Русия ҳам раҳбарии Тоҷикистон ва ҳам мардуми кишварро дар танзими сулҳ ва таъмини амният дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон пуштибонӣ кардааст.

Владимир Путин дар поёни паёми худ бо орзӯи саломатӣ ва тавфиқ барои ҳамтои худ ва сулҳу амният барои шаҳрвандони Тоҷикистон изҳор доштааст, ки ҳамкории роҳбурдии Русия ва Тоҷикистон бар асоси дӯстӣ ва кӯмак ба ҳамдигар, дар оянда низ барои манфиати ҳар ду кишвар рушд хоҳад кард.

 27 –уми июн рӯзи имзои Созишномаи сулҳи Тоҷикистон ва поёни ҷанги шаҳрвандӣ дар ин кишвар дар соли 1997 аст, ки дар Тоҷикистон бо номи Рӯзи Ваҳдати Миллӣ аз он таҷлил мешавад.