Июн 28, 2017 15:56 Asia/Dushanbe
  • Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақилро, ки бо мақсади иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии Иттиҳоди давлатҳои мустақил ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, мулоқот намуд.

Ба иттилои Ховар, дар ҷарёни сӯҳбат масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҳамкории зич ва самаранок байни сохторҳои дахлдори Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, гардиши маводи мухаддир, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба гуруҳҳои ифротӣ муҳокима карда шуд.

Таъкид гардид, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ ва вазъи зудтағйирёбандаи олам бояд сохторҳои дахлдори кишварҳои аъзо дар доираи ҳамкории дастаҷамъона ва огоҳона дар чаҳорчӯби иттиҳод барои пешгирии таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир тадбирҳои муштарак андешанд ва бар зидди онҳо муқовимати шадиду оштинопазир нишон диҳанд.

Ҳамчунин зимни мулоқот зикр гардид, ки татбиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии дар доираи иттиҳод қабулгардида гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-профилактикӣ, табодули иттилоот, тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони ин сохторҳо барои таъмини амнияту субот дар ҷомеа мусоидат менамояд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои судманди ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди давлатҳои мустақил баррасӣ карда шуд.