Таъкид бар густариши ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Маҷористон
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазири умури хориҷаи Маҷористон дидор ва дар бораи масоили мухталиф гуфтугӯ кард.
Ба гузориши хабаргузории “Ховар”, Эмомалӣ Раҳмон дар дидори Петер Сийярто изҳор дошт, ки дар тӯли 25 соли барқарории равобит миёни ду кишвар, дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон муносиботи дуҷонибаву чандҷониба бо Маҷористон ҷойгоҳи вижа доштааст.
Дар ин дидор ду тараф бо ибрози ризоят аз сатҳи равобити сиёсии Тоҷикистону Маҷористон барои идомаи ҳамкориҳо дар чорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва дигар ниҳоду созмонҳои байналмилалии иқтисодиву молӣ ибрози омодагӣ карданду тақвияти ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар арсаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, гидроэнергетика, технологияи муосир, омӯзишу парвариш, беҳдошт, дорусозӣ ва фарҳангро хостор шуданд.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон ва Петер Сийярто таҳкими ҳамкориҳои байнипорлумонӣ, роҳандозии равобити мустақими соҳибкорону тоҷирон, таъсиси камиссиюни байнидавлатӣ дар умури ҳамкориҳои иқтисодӣ –тиҷорӣ ва илмӣ -техникӣ, ширкат дар танзими лоиҳаҳои муштараки коркарди (фароварӣ) пахта, меваву сабзиҷот, коркарди маъданҳои кӯҳӣ, сангу филизот, тавлиди маҳсулоти нассоҷӣ ва сохтмонӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар арсаи гардишгариро муҳим арзёбӣ карданд.
Вазири умури хориҷаи Маҷористон нақши Тоҷикистон дар истифодаи захоири обӣ ва иқдомоти ҷаҳонӣ дар ҳалли масоили марбут ба обро бисёр муҳим донисту бар таҳкими равобити байнидавлатии Тоҷикистону Маҷористон дар умури масоили марбут ба об таъкид кард.
Дар ин мулоқот ҳамчунин масоили марбут ба таъмини амнияту субот дар Афғонистон, мубориза бо терроризму ифротгароии байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноёти созмонёфтаи фаромиллӣ баррасӣ шуд.