Номи Қурғонтеппа тағйир мекунад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i19312-Номи_Қурғонтеппа_тағйир_мекунад
Мақомоти маҳаллӣ тасими доранд, ки номи шаҳри Қурғонтеппаро ба Бохтар табдил кунанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 29, 2017 14:58 Asia/Dushanbe
  • Номи Қурғонтеппа тағйир мекунад

Мақомоти маҳаллӣ тасими доранд, ки номи шаҳри Қурғонтеппаро ба Бохтар табдил кунанд.

Ба гузориши радиоии тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз расонаҳои маҳаллӣ, мавзуи тағйири номи Қурғонтеппа ба Бохтар ва шаҳри Сарбанд ба Леваканд аз сӯи маҷлиси маҳаллӣ мавриди ҳимоят қарор гирифтааст.

Панҷ моҳ пеш гурӯҳе аз донишмандон ва равшанфикрони тоҷик дар сафаре ба шаҳри Қурғонтеппа хостори табдили номи ин шаҳр ба Бохтар шуда буданд.

Пешниҳоди тағйири номи Қурғонтеппа дар даҳаи 80 милодӣ аз сӯи шуморе аз донишмандони саршиноси тоҷик матраҳ шуда буд.

Шаҳри Қурғонтеппа сеюмин шаҳри бузурги Тоҷикистон дар 100 километрии шаҳри Душанбе қарор дорад.