Таътили дафтарҳои фарҳангӣ ва иқтисодии сафорати Эрон дар Суғд
(last modified Fri, 30 Jun 2017 13:50:37 GMT )
Июн 30, 2017 18:50 Asia/Dushanbe
  • Таътили дафтарҳои фарҳангӣ ва иқтисодии сафорати Эрон дар Суғд

Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон хабари таътили дафтарҳои фарҳангӣ ва иқтисодии вобаста ба худро дар вилояти Суғд таъйид кард.

Ба гузориши “CA News”, дафтарҳои ду намояндагӣ, намояндагии фарҳангӣ ва иқтисодии сафорати Эрон дар шаҳри Хуҷанд таътил шудааст ва аз ҳудуди ду ҳафта пеш кормандони марказҳои фарҳангию иқтисодии Эрон ба мураххасии иҷборӣ фиристода шудаанд. Сафорати Эрон дар Душанбе дар бораи иллати таътили ин ду марказ то кунун эъломи назар накардааст. Мақомоти Тоҷикистон ҳам то кунун ҳеҷ вокуниши расмие нисбат ба ин мавзӯъ нишон надодаанд. Яке аз кормандони сафорати Эрон дар Тоҷикистон, ки хостааст номаш фош нашавад, гуфтааст, таътили ин дафотири фарҳангӣ ва иқтисодӣ ба дастури мақомоти Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Дафтари фарҳангии Эрон дар Суғди Тоҷикистон дар солҳои тӯлонии фаъолияти худ дар заминаи омӯзиши хати форсӣ, тарвиҷи шеъру адабиёти форсӣ ва баргузории маҳофили муштараки адабӣ байни шоирони ду кишвар ва низ чопи китобу мубодилаи осори фарҳангӣ собиқаи дурахшоне доштааст. Ҳамчунин дафтари тиҷории иқтисоди Эрон дар Суғд низ бо ҳадафи тақвияти равобити тиҷории дуҷониба фаъолиятҳои муштараки бозаргонони эронию тоҷикро дар шимоли Тоҷикистон пайгирӣ мекард.

Дар як соли гузашта бархе марказу муассисаҳои вобаста ба Эрон дар Тоҷикистон чун Кумита имдоди Имом Хумайнӣ (раҳ.) таътил шудаанд.