Июн 30, 2017 19:52 Asia/Dushanbe
  • Тамдиди маофияти гумрукӣ барои воридоти тило ва нуқра дар Тоҷикистон

Парлумони Тоҷикистон Қонуни маофият аз пардохти боҷи гумрукиро барои воридоти ҷавоҳирот то поён соли 2017 тамдид кард.

Ба гузориши хабаргузории “Авесто”, муовини вазири молияи Тоҷикистон гуфт, парлумони ин кишвар дар ҷаласае зимни тағйиру иловаҳо ба Қонуни буҷаи соли 2017 иҷрои маофияти воридоти тило, ҷавоҳир ва нуқраро аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ, ки аз июни соли 2016 ба муддати як сол ба сурати озмоишӣ иҷро мешуд, то поёни имсол тамдид кард. Меҳринамо Ҷонмуҳаммадова афзуд, бар асоси ин тарҳ, ҳамчунин андози воридоти тило ва нуқра коҳиш меёбад. Ӯ ҳадаф аз иҷрои ин қонунро ҷилавгирӣ аз қочоқи ҷавоҳирот унвон ва тасреҳ кард, фақат дар нуҳ моҳи соли 2015 ҳудуди 700 килограмм тило ва нуқра аз Туркия ба Тоҷикистон ворид шудааст, ки воридоти танҳо 15 килограмми он қонунӣ буд. Муовини вазири молияи Тоҷикистон афзуд, қочоқи ин мизон ҷавоҳирот танҳо дар ин муддат 6 миллион доллар ба иқтисоди Тоҷикистон зарар ворид кард.