Июл 01, 2017 09:03 Asia/Dushanbe
  • Оғози фурӯши амволи ду бонки буҳронзадаи Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон аз оғози фурӯши амволи ду бонки буҳронзадаи ин кишвар –“Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон, фурӯши амволи ин ду бонки буҳронзада бар асоси музояда анҷом мешавад ва мутақозиён метавонанд барои хариди амволи ин ду бонки варшикаста ба дафтарҳои марказии ин ду ниҳод дар шаҳри Душанбе муроҷиа кунанд.

Дар феҳристи амволи “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” ба тартиб номи 117 ва 37 марказ зикр шуда, ки шомили сохтмонҳои марказӣ, шӯъбаҳо ва воҳидҳои маскунӣ дар манотиқи мухталифи ин кишвар аст.

Дар пайи нотавонии ин ду бонк дар пардохти талабҳои муштариёни худ дар моҳи майи соли 2016 бо тасмими ҳукумати Тоҷикистон барои ин ду ниҳоди молӣ мудирияти ҷадид мансуб шуд то авзоъро ислоҳ кунад.

 Аммо дар моҳи феврали имсол Бонки миллии Тоҷикистон ба далели идомаи буҳрон дар ин ду бонк, бо эъломи варшикастагии онҳо муҷаввизи фаъолияти “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк”-ро лағв кард.

 Акнун Бонки миллии Тоҷикистон бо эъломи оғози фурӯши амволи ин ду бонки буҳронзада талош мекунад, ки пули муштариён ва идороти давлатиро тасфия кунад.

Аммо бозпардохти маблағҳои муштариён аз ин ду бонки варшикаста танҳо пас аз тасфияҳисоб (ҳисоб ё расчет)-и ин ду ниҳоди молӣ бо идорот ва созмонҳои давлатӣ имконпазир хоҳад буд.

Пас аз оғози буҳрони ҷадиди молӣ дар Русия ва коҳиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз ин кишвар дар 3 соли ахир муҷаввизи фаъолияти наздик ба 20 бонк ва муассисаи молӣ ва эътиборӣ дар Тоҷикистон лағв шудааст.