Июл 01, 2017 19:24 Asia/Dushanbe
  • Дидори намояндаи Тоҷикистон бо намояндагони парлумони Аврупо: Мубориза бо терроризм меҳвари музокирот

Намояндаи доими Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо бо гурӯҳе аз намояндагони ин иттиҳодия дидор ва мавзуоти муҳимми минтақа, аз ҷумла ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризмро мавриди баррасӣ қарор доданд.

      Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Эркин Раҳматуллозода, намояндаи доими Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо бо гурӯҳе аз намояндагони Маҷлиси Иттиҳоди Аврупо таҳти раёсати Ҳерберт Дорфман дар парлумони ин иттиҳодия дидор ва гуфтугӯ кард.

    Дар ин дидор ҳамчунин Ивета Григуле- раиси ҳайати парлумони Аврупо дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар намояндагони ин иттиҳодия ва намояндагони аҳзоби мухталиф аз кишварҳои дигари ҷаҳон ширкат карданд.

   Дар ин дидор намояндаи доими Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо ба ширкаткунандагон дар мавриди дастовардҳои Душанбе дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва барномаҳои давлати ин кишвар дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ гузоришҳое ироа кард.

   Раҳматуллазода дар ин нишаст, ҳамчунин таваҷҷуҳи ширкаткунандагонро ба стратегияи миллии тавсеаи Тоҷикистон то соли 2030, тақвияти ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ дар мубориза бо хатар ва чолишҳои ҷаҳони муосир ҷалб кард.

   Дар ин нишаст мубориза алайҳи терроризм, ифротгароӣ, гароиши ҷавонон ба созмонҳои ифротӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои ду тараф, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

  Дар поён Ҳерберт Дорфман ва дигар намояндагони ин иттиҳодия бо ҳимоят аз сиёсати феълии давлати Тоҷикистон дар ростои таҳкими пояҳои давлати демократӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фароҳам кардани шароити муносиб барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва тавсеаи корофринӣ дар ин кишвар, бар зарурати талошҳои муштарак дар мубориза алайҳи чолишҳо ва хатарҳои муосир дар Осиёи Марказӣ ҷиҳати таъмини амнияти минтақаӣ таъкид карданд.

   Дидори ин мақоми тоҷик бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар ҳоле аст, ки аз имрӯз фаъолияти дафтари амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон маҳдуд ва бархе аз марокизи он дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар низ таътил шудааст.