Июл 02, 2017 10:17 Asia/Dushanbe
  • Таҳияи феҳристи омӯзгорони доғистонӣ барои эъзом ба Тоҷикистон

Вазорати омӯзиш ва парвариши ҷумҳурии Доғистони Русия аз таҳияи феҳристи номҳои омӯзгорони ин кишвар барои эъзом ба мадориси Тоҷикистон хабар дод.

   Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сойти CA Nesw, довталабони доғистонии тадрис дар мадориси мавсум ба “мадориси раёсатҷумҳурии Тоҷикистон”, бояд аз собиқаи 5 сол омӯзгорӣ бархӯрдор бошанд ва барои 1 сол ба Душанбе эъзом мешаванд, ки дар сурати муваффақият метавонанд, қарордоди худро тамдид кунанд.

    Ин афрод дар мадориси ғайринтифоии мавсум ба “мадориси раёсатҷумҳурии Тоҷикистон” дар риштаҳои забони русӣ, физик, риёзӣ, кимиё, зистшиносӣ ва фанновариҳои ҷадиди компютерӣ тадрис хоҳанд кард.

   Бар асоси қарордоди дуҷониба, тарафи Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки омӯзгорони доғистониро ба манозили маскунӣ, ҳуқуқ ва дастмузд таъмин кунад ва ҳазина билети ҳавопаймоии ин афродро пардохт намояд. Аз сӯи дигар ҳукумати Русия мутааҳҳид шудааст, ки бо пардохти маблағи 60 ҳазор рӯбл, бимаи дармонӣ ва ҳазинаи бори изофии муаллимони доғистонӣ дар сафарҳои ҳавоӣ ба Тоҷикистонро таъмин кунад.

  Эъзоми муаллимони доғистонӣ ба Тоҷикистон дар чорчӯби тавофуқномаи имзошудаи ҳамкории ин ду кишвар, миёни Эмомалӣ Раҳмон ва Рамазон Абдулатифов дар ҷараёни дидори раисиҷумҳури Доғистон аз Тоҷикистон дар моҳи майи имсол амалӣ мешавад. Ин иқдом ба ҳадафи беҳбуди кайфияти тадриси забони русӣ дар Тоҷикистон, афзоиши теъдод мадориси русӣ дар ин кишвар ва таҳкими равобити илмӣ ва фарҳангии Маскав ва Душанбе анҷом мешавад, ки бо истиқболи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия рӯба рӯ гардидааст.

   Қаблан мақомоти Тоҷикистон борҳо аз давлати Русия дархост карда буданд, ки барои эъзоми муаллимони забони русӣ ба ин кишвар иқдом кунад.