Июл 03, 2017 09:51 Asia/Dushanbe

Шомгоҳи дуввуми июл дар бузургтарин бозори пойтахти Тоҷикистон - Корвон оташсӯзӣ рух дод.

  Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сойти Ахбор, тоҷирони бозори Корвон- бузургтарин бозори шаҳри Душанбе хабар доданд, ки шомгоҳи дуввуми июл ҳудуди соати 21 дар қисмати либосфурӯшии ин бозор оташсӯзӣ ба роҳ афтод.

   Дар ним соати аввали ин оташсӯзӣ, мағозаҳои самти дарвозаи шумораи 7 ба коми оташ фурӯ рафт ва оташ ба ғурфаҳои тарафи дарвозаи 6 ин бозор расид.

   Ба гуфтаи шоҳидон, оташнишонҳо баъд аз ҳудуди се соат талош тавонистанд оташро дар бозори Корвон хомӯш кунанд.

   Пас аз маҳори оташ мақомот бо муроҷиа ба мардум, ки назди дарвозаҳои бозори Корвон таҷаммӯъ карда буданд аз онҳо хостанд, ки ба хонаҳои худ баргарданд.

   Бозори Корвон дар моҳи сентябри соли 2012 низ ба коми оташ рафта буд.

   Бар асари он офат, садҳо дӯкондори ин бозор зиёни молии бузург диданд.

   Рӯз 31 майи имсол ду бозори маркази ноҳияи Фархор низ дучори оташсӯзии бузурге шуд, ки бар асари он тақрибан ҳамаи мағозаҳои он аз байн рафт.

  Шом 23 июн низ чанд дӯкони бозори Султони Кабир дар шаҳри Душанбе ба коми оташ рафт, аммо оташнишонҳо тавонистанд дар инҷо аз густариши оташ пешгирӣ кунанд.