Ирсоли парвандаи роҳиби калисои протестанти Хуҷанд ба додгоҳ
(last modified Mon, 03 Jul 2017 07:11:31 GMT )
Июл 03, 2017 12:11 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли парвандаи роҳиби калисои протестанти Хуҷанд ба додгоҳ

Парвандаи ҷиноӣ як роҳиби калисои протестанти Хуҷанд барои муҳокима ба додгоҳ ирсол шудааст.

    Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории “Forum18”, мақомоти додситонии вилояти Суғд гуфтаанд, ки парвандаи ҷиноии Баҳром Холматов-роҳиби калисои “Sunmin sunbogym”-ро дар пайи кашф ва забти кутуби протестантӣ ба иттиҳоми ифротгарӣ,  дар рӯзи 10 апрели имсол боздошт шуда буд, ба додгоҳ ирсол кардаанд.

  Қаблан аъзои фирқаи протестант дар Хуҷанд гуфта буданд, ки дар пайи баста шудани калисои ин гурӯҳ дар ноҳияи Конибодом дар вилояти Суғд дар марти имсол, мақомоти амниятӣ ба бозрасӣ аз калисои “Sunmin sunbogym” дар Хуҷанд иқдом кардаанд.

  Ин афрод муддаӣ буданд, ки ҳангоми бозрасии ин калисо чанд китоби адабиёти мазҳабии фирқаи протестан дар калисои Хуҷанд ба унвони китобҳои таблиғотии фирқаи ёдшуда кашф ва Баҳром Холматов, роҳиби ин калисо боздошт шудааст.

   Хабаргузори “Forum18” эълом кардааст, ки қаблан дар шаҳри Душанбе фаъолият ду маҳди кӯдаки мутааллиқ ба ин калисо низ мамнуъ шуда буд.

   Аз сӯи дигар  Мӯҳсин Миркамолов, масъули умури созмонҳои динӣ дар ҳукумати шаҳри Хуҷанд таъкид кардааст, ки боздошти ин роҳиби протестант ба фаъолитҳои иқтисодӣ ва тиҷории ӯ иртибот дорад ва додгоҳ,  ин иттиҳомотро баррасӣ хоҳад кард.

   Дар Тоҷикистон пас аз истиқлол, садҳо гурӯҳ ва фирқаи ғайриисломӣ бо вуруд ба ин ҷумҳурӣ, марокизи худро таъсис карданд ва ба таблиғи афкор ва оинҳои мухталиф миёни тоҷикон машғул ҳастанд.

   Бар асоси Қонуни озодии эътиқод ва фаъолияти созмонҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон, ки дар соли 2009 тасвиб шудааст, пайравони фирқаҳои ғайриисломӣ бо доштани 10 узв метавонанд аз Кумитаи давлатии умури динии ин кишвар муҷаввизи фаъолият дарёфт намоянд.

  Ин дар ҳоле аст, ки барои муҷаввизи сохт ва фаъолияти масоҷиди мусулмонон дар Тоҷикистон вуҷуди ҳазорон намозгузор илзомӣ аст.