Июл 03, 2017 20:30 Asia/Dushanbe
  • Дидори сарони Афғонистон, Покистон ва Тоҷикистон дар Душанбе

Сарони Афғонистон, Покистон ва Тоҷикистон рӯзи панҷуми июл дар Душанбе дидор мекунанд.

Ба иттилои Авесто, радиои давлатии Покистон эълом кардааст, ки дар нишасти сарони Афғонистон, Покистон ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе авзои амниятии минтақа, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории миёни ин се кишвар, мубориза бо терроризм ва раванди сохти хатти КАСА-1000 баррасӣ хоҳад шуд .

Дар дидори Ашраф Ғанӣ, Навоз Шариф ва Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе ҳамчунин дар бораи коҳиши ихтилофоти сиёсии миёни Кобулу Исломобод, тақвияти муборизаи муштарак бо гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ, эҷоди долони байналмилалии интиқоли колову маҳсулот аз Афғонистон ва Покистон ба Тоҷикистон ва эътои тасҳилоти гумрукӣ ба бозаргонони ин се кишвар баҳсу табодули назар хоҳад шуд.

Дар дидори сеҷонибаи сарони Афғонистон, Покистон ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таъсири таҳаввулоти Афғонистон бар амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва масоили муҳими байналмилалӣ низ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт .