Июл 04, 2017 09:41 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Каромат Шарифов ба тарҳи интиқоли муҳоҷирон ба Ховари дури Русия

Раиси Созмони коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия ба тарҳи интиқоли коргарони муҳоҷири хориҷӣ ба минтақаи Ховари дур дар наздикии марзҳои Чин вокуниш нишон додааст.

Ба иттилои шабакаи телевизионии РБК Русия, Каромат Шарифов гуфтааст, ки бо интиқоли 2 миллион коргари муҳоҷири тоҷикистонӣ ва 3 миллион коргари узбакистонӣ ба манотиқи Ховари дури Русия заминаи таъсиси ҷумҳурии худмухтори муҳоҷирон дар ин минтақа фароҳам хоҳад шуд .

Вай гуфтааст: Ин мавзуъ зимни кумак ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои иҷтимоии ин афрод муҷиби рушди иқтисодии вилоятҳои камҷамъият ва маҳруми Русия хоҳад шуд .

Дар тарҳи ҷадиди қонуни муҳоҷират, ки ахиран Вазорати кишвари Русия тадвин карда, пешниҳод шудааст, коргарони муҳоҷири хориҷӣ ба минтақаи Ховари дур интиқол ёбанд, ки дорои тарокуми як нафар дар ҳар як километри мураббаъ ва беш аз 6 миллион километри мураббаъ масоҳат аст .

Тибқи ин тарҳ, дар изои интиқоли коргарони муҳоҷири хориҷии Русия ба Ховари дур, ба онон як миллион рубл тасҳилоти молии билоиваз, як гектар замини ройгон барои ҳар хонавода ва бархурдории осон аз касби тобеияти Русияи эъто хоҳад шуд .

Вазорати кишвари Русия муътақид аст, бо интиқоли коргарони муҳоҷири хориҷӣ ба ин минтақа ҳамзамон бо рушди иқтисодии вилоятҳои ҳаммарз бо Чин, дар соли 2025 ҷамъияти минтақаи Ховари дур аз 6 миллион нафари кунунӣ ба 6 миллиону 500 ҳазор нафар афзоиш хоҳад ёфт .

 

Барчасп