Ҳазор таксии нав дар роҳи Душанбе
Июл 04, 2017 17:03 Asia/Dushanbe
Ҳазор таксии аз Қазоқистон харидоришуда вориди шимоли Тоҷикистон шуданд.
Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, Султон Камолов, муовини раиси ширкати «Азия Групп Таджикистан» бо эъломи ин хабар гуфтааст, ки аз таксиҳои ҷадид дар шаҳри Душанбе истифода хоҳад шуд. Ин мошинҳо аз навъи JAC ва “Peugeot” буда, дар Қазоқистон васлу насб мешаванд.
Қарордоди харидории ду ҳазор таксии ҷадид барои пойтахти Тоҷикистон баҳори имсол миёни тарафи Тоҷикистон ва ширкати қазоқии “Allur Group” ба маблағи 24 миллион доллар ба имзо расида буд. Камолов гуфтааст, бақияи таксиҳои харидоришуда зарфи ду сол ба Тоҷикистон хоҳанд расид ва аз ин тариқ, таксиҳои пойтахти Тоҷикистон дигар мешаванд.