Июл 04, 2017 20:24 Asia/Dushanbe
  • Нишасти раисҷумҳурҳои Тоҷикистону Афғонистон ва сарвазирони  Покистону Кирғизистон дар Душанбе

Вазорати  умури хориҷии  Тоҷикистон хабар дод, ки нахуствазири Покистон фардо бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон меояд.

Ба навишати ин манбаъ, рӯзҳои 5 ва 6-уми июли соли ҷорӣ  сафари расмии Муҳаммад Навоз Шариф, нахуствазири Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Тоҷикистон сурат мегирад. Бо вуҷуди он ки Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон тафсилоти бештаре аз барномаи сафари Навоз Шариф ба ин кишвар нашр накардааст, аммо расонаҳои хабарӣ менависанд, ки қарор аст, нахуствазири Покистон дар ҷараёни ин сафар бо мақомоти олии Тоҷикистон масоили тавсеаи равобити дуҷониба  дар арсаҳои иқтисоду тиҷорат, энержӣ, сармоягузорӣ ва муборизаи муштарак аллайҳи тераризму ифротгароиро  баррасӣ кунад.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи таҳлилгарон, айни замон ҳамкориҳои иқтисодию тиҷорӣ байни Покистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус бо Тоҷикистон  ба сатҳи матлуб рушд накардааст. Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси умури минтақа мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир бо назардошти вазъи амниятӣ дар минтақа ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ, бидуни шак, яке аз мавзӯъҳои меҳварии музокироти нахсутвазири Покистон бо раҳбарияти Тоҷикистон хоҳад буд. Аммо Саъдии Юсуфӣ таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ки  бо назардошти ниёзи рӯзафзуни иқтисоди Покистон ба энержӣ, бавижа нерӯи барқ ин кишвар дар оянда  метавонад ба яке аз бозорҳои муҳими фурӯши барқ барои Тоҷикистон табдил шавад.

Ин дар ҳолест, ки тибқи оморҳои мавҷуд, тайи ду соли ахир ҳаҷми табодули коло миёни Тоҷикистону Покистон ба таври назарррас коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла, агар мизони тиҷорати дуҷонибаи ин ду кишвар дар соли 2014  наздик ба 90 миллон доллар бошад,  ин нишондод дар соли 2015 то 65 миллон доллар ва дар соли 2016 то 55 миллон доллар коҳиш ёфтааст. Аз сӯйи дигар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон  иттилоъ додааст, ки рӯзи 6 июл Ашраф Ғанӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Сооронбай Жээнбеков, нахуствазири  Қирғизистон бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омада,  дар нишасти сарони кишварҳои узви тарҳи минтақаии мавсум ба CASA-1000 дар Душанбе ширкат хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки маросими расмии ифтитоҳи сохтмони хати нерӯи барқи CASA-1000 моҳи  майи соли гузашта дар Тоҷикистон бо ширкати намояндагони расмии Афғонистону Покистон ва Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуда буд. Шабакаи интиқоли барқи CASA-1000 бо ҳазинаи беш аз 1 миллард доллар,   1 222 километр тӯл дошта, қарор аст, тариқи ин шабака 1 300 мегават нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон интиқол ёбад.

Тибқи барномаҳо, қарор аст, тарҳи CASA-1000 дар соли 2018  ба истифода дода шавад. Ин тарҳро Амрикову Британия, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Сармоягузории Аврупо ва Бонки Исломии Рушд маблағгузорӣ мекунанд. Ин дар ҳолест, ки ахиран Русия барои пайвастан ба тарҳи минтақаии интиқоли барқи мавсум ба КАСА-1000 ибрози алоқамандӣ  кардааст. Гуфта мешавад, моҳе қабл Вазорати энержии Русия бо ирсоли номае унвонии вазири энержӣ ва оби Афғонистон эълон кардааст, ки мехоҳад ба тарҳи минтақаии интиқоли нерӯи барқ CASA-1000 пайваст шуда, аз ин роҳ барқи тавлидшуда дар нерӯгоҳи “Сангтӯда-1»-ро мустақиман ба Афғонистон фурӯшад.  

Бархе аз коршиносон мегӯянд, ки яке аз далелҳои  тасмими Русия барои пайвастан ба тарҳи CASA-1000  бозпас гирифтани қарзҳои хеш аз Тоҷикистон аст,  аммо ба назари аксари таҳлилгарон,  Русия ба ин васила  мехоҳад барои хеш  ба бозори нерӯи барқи кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ роҳ кушояд.  

Дар баробари ин Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон имрӯз бо нашри хабаре эълом кард, рӯзи 6-уми июли соли ҷорӣ  дар шаҳри Душанбе нишасти сеҷонибаи сарони кишвраҳои Тоҷикистон Афғонистон ва Покистон баргузор мегардад. Ба гуфтаи ин манбаъ,  дар чаҳорчӯби ин музокирот доираи васеи масоили ҳамкориҳо миёни се кишвар дар арсаҳои  сиёсат, иқтисод ва амният баррасӣ хоҳад шуд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки  масоили мусоидат ба талошҳои Ҳукумати Афғонистон ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар ин кишвар муборизаи муштарак алайҳи чолишҳои амниятии минтақа ва ҷаҳон дар маркази таваҷҷӯҳи ҷонибҳо қарор ҳоҳад гирифт. Дар ҳамин ҳол, Вазорати умури  дохилии Тоҷикистон хабар додааст, ки  бинобар баргузории барномаҳои марбут ба тарҳи  CASA-1000 аз соати 6 то 18-и рӯзи 6-уми июл ҳаракати нақлиёт аз минтақаи нерӯгоҳи “Варзоб ” то Такфони ноҳияи Айнӣ, роҳи мошингради  Душанбе-Хуҷанд  маҳдуд хоҳад шуд.