Июл 06, 2017 11:56 Asia/Dushanbe
  • Таъсиси 21 гурӯҳи таблиғотӣ алайҳи ҳиҷоби исломии бонувон

Идораи кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд аз таъсиси 21 гурӯҳи кории вижа барои муқобила бо он чи ки пӯшиши бегонаи бонувон (ҳиҷоб) хонда шудааст, хабар дод, ки бар асоси он дар марказҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, бемористонҳо, мактабҳо ва маҳди кӯдакҳо, меҳмонхонаҳо ва дармонгоҳҳо алайҳи пӯшиши ҳиҷоби бонувон таблиғот хоҳанд кард.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интишори ин хабар аз иқдоми мақомоти зермаҷмӯаи худ дар Хуҷанд ҳимоят кард.

Ин гурӯҳ шомили кормандони полис, маориф, шӯроҳои маҳалла, тандурустӣ, созмони ҷавонон, идороти танзими ҷашну маросим ва кор бо занон ва хонавода мешаванд, ки бояд бо гаштзанӣ дар марказҳои умумӣ бо таблиғи хатароти истифода аз либоси бегона барои фарҳанги миллати тоҷик аз пӯшиши ҳиҷоби исломии бонувон ҷилавгирӣ кунанд.

Хонум Мирзозода, мудири идораи кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд дар нишасти ахири ин ниҳод бо мақомоти дигар ниҳодҳои давлатӣ бар зарурати тақвияти муқобила бо фарҳанги бегона ва ба вижа пӯшиши ҳиҷоби исломии бонувон таъкид кардааст.

Дар Тоҷикистон тайи 3 соли ахир ба баҳонаи муқобила бо пӯшиши бегона барои фарҳанги миллати тоҷик, иқдомоти шадиде алайҳи пӯшиши ҳиҷоби исломии бонувони мусалмони ин кишвар иҷро мешавад ва аз ҳузури бонувони боҳиҷоб дар идорот ва созмонҳои давлатӣ, марокиз омӯзишӣ ва дармонӣ, иқтисодӣ ва тиҷорӣ ҷилавгирӣ мешавад.