Музокироти мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва Покистон дар Душанбе
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i19636-Музокироти_мақомоти_баландпояи_Тоҷикистон_ва_Покистон_дар_Душанбе
Нахуствазири Покистон, ки барои ширкат дар нишасти чаҳорҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Қирғизистон ва Покистон ба Душанбе сафар кардааст, бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дидор кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 06, 2017 09:27 Asia/Dushanbe
  • Музокироти мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва Покистон дар Душанбе

Нахуствазири Покистон, ки барои ширкат дар нишасти чаҳорҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Қирғизистон ва Покистон ба Душанбе сафар кардааст, бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дидор кард.

Ба гузориши хабаргузории “Ховар”, дар ин дидор ду тараф зимни ибрози ризоият аз тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши тиҷорату иқтисод ва илму технология, густариши ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхайро низ хостор шуданд.  

Дар ин нишаст мақомоти Покистон омодагии худро барои сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди тиҷории Тоҷикистон ва ҳамчунин иҷрои тарҳҳои бузург ва миёнаи бахши энержӣ, саноат, зерсохтҳои ҳамлу нақл, гардишгарӣ, маориф ва беҳдошти Тоҷикистон эълом карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Навоз Шариф зимни муҳим хондани проекти КАСА - 1000 барои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ хостори амалӣ шудани ҳарчӣ зудтари ин тарҳи муҳими минтақаӣ шуданд.

Нишасти чаҳорҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Қирғизистон ва Покистон имрӯз панҷшанбе, 6 –уми июл дар Душанбе баргузор мешавад.