Июл 06, 2017 18:38 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Эмомалӣ Раҳмон аз кундӣ дар раванди иҷрои CASA - 1000

Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, кишварҳои мушорикаткунанда дар тарҳи CASA - 1000, аз таъхир дар иҷрои ин тарҳ ҳар сол дар маҷмӯъ беш аз 500 миллион доллар зиён мебинанд.

Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории давлатии Ховар, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар нишасти чаҳорҷонибаи кишварҳои узви тарҳи CASA – 1000 дар ноҳияи Варзоб пешниҳод кард, барои ҷилавгирӣ аз раванди кунди иҷрои ин тарҳи минтақаӣ, кишварҳои узв иқдомоти муштаракеро иҷро кунанд ва бахшҳои мухталифи ин тарҳро тибқи замонбандиҳои таъйин шуда ба анҷом расонанд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, тарҳи CASA – 1000 -ро абзори муносибе барои дастёбӣ ба фанновариҳои навин ва низ таҳаққуқи аҳдофи тиҷорӣ- иқтисодии давлатҳои мушорикаткунанда донист ва таъкид кард, ки дар ин тарҳи бузурги минтақаии энержӣ, Тоҷикистон худро ба ҳамоҳангӣ бо дигар шарикони худ мутааҳҳид медонад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳадаф аз баргузории ин нишастро арзёбии раванди иҷрои тарҳи CASA – 1000 ва табодули назар дар заминаи истифодаи муассир аз равишҳои навин ва роҳи ҳалҳои судманд дар идомаи иҷрои он унвон кард.

Дар нишасти чаҳорҷонибаи сарони кишварҳои узви CASA – 1000, илова бар Эмомалӣ Раҳмон- раисиҷумҳури Тоҷикистон, Навоз Шариф- нахуствазири Покистон, Ашраф Ғанӣ-раисиҷумҳури Афғонистон ва Сооронбой Жэнбеков, нахуствазири Қирғизистон низ ҳузур доштанд.

Бо иҷрои тарҳи CASA – 1000, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаш моҳи сол метавонанд наздик ба 5 миллиард киловатт соат/барқро аз тариқи ин хатти интиқоли энержӣ ба Афғонистон ва Покистон мунтақил кунанд.

Ҳазинаи иҷрои ин тарҳ, ки бояд дар соли 2020 ба баҳрабардорӣ бирасад, беш аз як миллиард доллар баровард шудааст.

Саҳми Тоҷикистон дар ин тарҳ 314 миллион доллар, Қирғизистон 209 миллион, Афғонистон 354 миллион ва Покистон 209 миллион доллар аст.

 

Барчасп