Нишасти сарони кишварҳои узви  тарҳи “CASA-1000”
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i19652-Нишасти_сарони_кишварҳои_узви_тарҳи_casa_1000
Раиси  ҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти сарони кишварҳои шомили тарҳи  “КАСА-1000” аз раванди кунди иҷрои ин тарҳ, интиқод кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 06, 2017 15:03 Asia/Dushanbe
  • Нишасти сарони кишварҳои узви  тарҳи “CASA-1000”

Раиси  ҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти сарони кишварҳои шомили тарҳи  “КАСА-1000” аз раванди кунди иҷрои ин тарҳ, интиқод кард.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 6 июл дар ҷаласаи чаҳоргонаи кишварҳои узви  КАСА-1000,  ки  дар бустонсарои “Пуғус”  дар 40 км шимоли Душанбе баргузор шуд, гуфт, ки  раванди амалисозии тарҳи минтақаии интиқоли барқ аз Осиёи Марказӣ  ба Осиёи Ҷанубӣ,  аз барномаи  пешбинишуда  ақиб монадааст.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи  Эмомалӣ Раҳмон интизор аст  марҳилаи аввали нерӯгоҳи обии  “Роғун” дар Тоҷикистон то охири  соли 2018 мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.

Ба гуфтаи  РҶТ  тибқи ҳисоби коршиносон ба таъхир афтодани иҷрои ин тарҳ, барои кишварҳои узви он дар сол беш аз 500  миллион доллар хисорот ба бор меорад ва бо назардошти ин барои суръат бахшидани  корҳо, кишварҳои шомили ин тарҳ бояд иқдомоти муштараке рӯи даст бигиранд.

Аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон дар ин замина пешниҳод кард, ки  солона  нишасти сарони кишварҳои шомили тарҳи КАСА 1000 баргузор шуда, раванди иҷрои корҳо мавриди баррасӣ қарор бигирад.

Ҳамзамон РҶТ аз кишварҳои тарҳи КАСА 1000 даъват кард, ки аз талошҳои давлати Афғонистон ҷиҳати оғози ҳарчи зудтари сохтмони хатти интиқоли барқи баландшиддати доимӣ дар дохили ин кишвар, ки ҷузъи таркибии ин тарҳ маҳсуб мешавад, ҳимоят кунанд.

Дар ҳамин ҳол Ашраф Ғанӣ раиси ҶИА зимни суханронии хеш дар ин нишаст гуфт, ки кишвараш бо истифода аз тамомои имконот талош дорад, ки амалисозии тарҳи КАСА 1000 дар қаламрави Афғонистон ҳар чӣ зудтар шуруъ шавад.

Аз сӯи дигар Ашраф Ғанӣ гуфтааст, ки амалисозии тарҳи КАСА 1000 бояд  ҳамзамон дар ҳамаи кишварҳои узви ин тарҳ шуруъ шавад, зеро чунин тарҳи минтақаи аз назари ҳуқуқӣ бояд собит буда, ҳамаи кишварҳои шомили он таъаҳудоти хешро дар чаҳорчуби ин қарордод иҷро кунанд.

Дар ҳамин ҳол Сооронбой  Жэнбеков нахуствазири  Қирғизистон дар ин ҳамоиш гуфтааст, ки сохтмони  бахши тарҳи КАСА 1000 дар қаламрави ин кишвар,  дар моҳи январи соли 2018 шуруъ хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки  ҳамоиши “Чоргонаи “CASA-1000”, субҳи рӯзи  6-уми июл дар бӯстонсарои  "Пуғус" воқеъ дар дараи Варзоб, баргузор  шуд.

Дар ин ҳамоиш, Эмомалӣ Раҳмон РҶТ,  Ашраф Ғанӣ раиси ҷумҳурии Исломии  Афғонистон, Муҳаммад Навоз Шариф  нахуствазири Покистон  ва Сооронбой  Жэнбеков  сарвазири Қирғизистон, ширкат доштанд.

Ёдовар мешавем, ки маросими ифтитоҳи сохтмони хати нерӯи барқи  CASA-1000  моҳи  майи соли 2016 дар Тоҷикистон бо ширкати намояндагони расмии Афғонистону Покистон ва Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуда буд.  

Шабакаи интиқолои неруи барқ мавсум ба  CASA-1000 бо ҳазинаи беш аз як миллард доллар,  1 342 километ тул дошта,  интизор аст тариқи ин шабака солона 1 300 мегават нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон мунтақил шавад.

Дар баробари ин баъд аз нисфирузии 6 июл дар бустонсарои беруназшаҳрии «Пуғус» воқеъ дар дараи Варзоб мулоқоти сеҷонибаи раҳбарони  Тоҷикистону Афғонистон ва Покистон низ баргузор шуд.

Ба иттилоъи дафтари матбуотии РҶТ  дар ин ҳамоиш масоили иҷрои тарҳҳои муштарак ҷиҳати тавсеаи зерсохҳои иртиботии  ин кишварҳо  тавассути сохтмони роҳҳои оҳану мошингард, рушди иртиботи ҳавоӣ ва мухобиротӣ, истифодаи масири транзитӣ ва имзои ҳарчи зудтари созишномаи тиҷорати транзитии миёни  ин се кишвар  мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Дар баробари ин тақвияти  бештари  ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорӣ омили муҳимми  тавсеаи равобити  минтақавӣ дониста шуда, дар ин замина бар зарурати баргузории  намоишгоҳу анҷуманҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ  ва сармоягузории муштарак таъкид шудааст.

Дар ин росто РҶТ пешниҳод кардааст, ки дар рӯзҳои ҷашни суннатии Меҳргон дар моҳи октябри соли ҷорӣ  намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон дар шаҳри Душанбе баргузор  шавад.

Ҳамзамон ҷонибҳо масъалаҳои муҳими марбут ба ҳамкориҳои сеҷониба дар самти ширкати  фаъол дар таъмини суботи сиёсию низомии Афғонистон, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккил ва қочоқи маводи мухаддир табодули намудаанд.