Август 10, 2016 18:15 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё

Як коршиноси рус муътақид аст, ки ҳукумати Тоҷикистон дар ояндаи наздик дархости худро барои шомил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё пешниҳод хоҳад кард.

Владимир Евсеев – сиёсатшиноси рус бо баёни ин матлаб, ба хабаргузории Спутники Русия афзудааст, ки баъди пайвастани Душанбе ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки дар ояндаи наздик рух хоҳад дод, Тоҷикистон барои рушди иқтисод соҳиби имконоти ҷадид мегардад.

Ба гуфтаи Владимир Евсеев айни ҳол мавзӯи воридшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар дастури кори ҳукумати ин кишвар қарор дорад ва дар сурати ризоияти мақомоти тоҷик, вуруди Тоҷикистон ба ин иттиҳодия дар ҳамин сол ба вуқуъ хоҳад пайваст.

Мақомоти тоҷик низ мегуянд, ки мавзӯи пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳодияи Иқтисодии Авруосиё таввасути ниҳодҳои мухталиф баррасӣ шуда барои тасмимгирӣ ба ҳукумати ин кишвар пешниҳод шудааст.

Умед Давлатзод – муовини вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон мегуяд, Тоҷикистон имсол 25-умин солгарди истиқлоли худро таҷлил мекунад ва мавзӯи вуруд ба ҳар гуна созмону иттиҳодия бо назардошти ҳифзи истиқлоли кишвар мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад.

Давлатзод афзуд, ки дар ҳоли ҳозир таҷрибаи вуруди Ҷумҳурии Қирғизистон ба ин иттиҳодия ва бурду бохтҳои ин кишвари ҳамсоя аз сӯи коршиносони тоҷик дар ҳоли баррасӣ ва омӯзиш қарор дорад ва дар ин робита тасмими ниҳоиро ҳукумати кишвар хоҳад гирифт.

Владимир Евсеев – сиёсатшиноси рус гуфтааст, ки Тоҷикистон бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Иқтисоди Авруосиё мушкиле надорад, аз ин рӯ барои пайвастан ба ин иттиҳод ягон монеъ дида намешавад.

Ин таҳлилгари рус бо ишора ба вазъияти мушкили иқтисодии Тоҷикистон муддаӣ шудааст, ки танҳо дар сурати пайвастани Душанбе ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мушкили иқтисодии Тоҷикистон қобили ҳал хоҳад буд.