Размоиши чандмиллиятӣ дар Тоҷикистон
Размоиши чандмиллиятии Амрико ва чаҳор кишвари дигар бо унвони «Амалиёт RC17» (ҳамкории минтақаӣ 2017), аз даҳуми июл дар Тоҷикистон оғоз мешавад.
Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузори АКИ Пресси Қирғизистон, ин размоиши 13 рӯзаи Амрико ва чаҳор кишвари Покистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Муғулистон бо назорати Қазоқистон аз фардо дар Душанбе -пойтахти Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.
Сафорати Амрико дар Душанбе эълом кард, дар ин размоиш беш аз 200 низомӣ аз кишварҳои Покистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Муғулистон ва Қазоқистон ширкат хоҳанд кард.
Размоишҳои муштараки ин панҷ кишвар аз соли 2001 ҳар сол дар яке аз кишварҳои ёдшуда баргузор мешавад.
Массачусетси Амрико маҳалли баргузории даври қаблии ин размоишҳо дар соли 2016 буд.