Хисороти сел дар ноҳияи Дарвози Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз зери об мондани 19 хона дар деҳаи Хостави ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон хабар додааст.
Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сойти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, дар пайи резиши борон ва ҷори шудани сели шадид дар қаламрави Афғонистон ва боло омадани оби рӯдхонаи марзии Панҷ, ахиран 19 хона дар рустои соҳилии Хостави ноҳияи Дарвози Тоҷикистон зери об рафта ва ба роҳи Душанбе – Хоруғ низ хисороте ворид шудааст.
Мақомоти ин ниҳод эълом кардаанд, ки сел харобиовари ахир мӯҷиби кушта ва захмӣ шудан 11 нафар аз сокинони ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон Афғонистон шудааст, ки резиши кӯҳ ҷилави маҷрои рӯдхонаи марзии Панҷро бастааст. Дар натиҷаи боло омадани оби рӯдхонаи Панҷ мавҷи сел ба сӯи деҳаи Хостави Тоҷикистон сарозер шуда, муҷиби зери об мондани 19 хона мегардад. Ин мақомот эълом кардаанд, ки ин ҳодиса дар деҳаи Хостав талафоти ҷонӣ надошта ва сокинони манозили осеб дида ба манотиқи амн мунтақил шудаанд, ки барои онон чодар, пату ва ғизои гарм тавзеъ мешавад.
Ин дар ҳоле аст, ки як ҳафта қабл бар асари ҷорӣ шудани сел дар деҳаи Овчии ноҳияи Деваштич дар вилояти Суғд, 25 хона вайрон шуд. Чанд рӯз қабл аз ин ҳодиса сел мӯҷиби тахриби 70 хона дар деҳаи Амондараи ноҳияи Панҷакент дар вилояти Суғд шуда буд. Бар асоси омори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бар асари ҳаводиси мухталифи табиӣ аз оғози соли ҷорӣ дар ин кишвар, 27 нафар ҷони худро аз даст дода ва ба хонаҳо ва таъсисти зербиноии ин ҷумҳурӣ, зиёнҳои фаровони молӣ ворид шудааст.