Июл 11, 2017 09:19 Asia/Dushanbe
  • Радди иддаои мамнуияти омӯзиши тоҷикон дар Эрон аз сӯи Нуриддин Саид

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон иддаои бархе аз расонаҳои хабарии ин кишварро мабнӣ бар мамнуияти идомаи омӯзиши донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Эрон, рад кард.

Ба нақл аз Азия-Плюс, Нуриддин Саид дар нишасти хабарие дар посух ба пурсиши хабарнигорон дар бораи мамнуияти идомаи омӯзиши донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Эрон гуфтааст, ки ҳеҷ дастури катбӣ ва шифоҳӣ дар ин маврид вуҷуд надорад.

Дар ин нишасти хабарӣ теъдоде аз рӯзноманигорон таъкид кардаанд, ки волидайни бархе аз донишҷӯён аз ин шикоят доштаанд, ки бо вуруди фарзандонашон ба Тоҷикистон дар аёми таътили тобистонӣ, кормандони амният дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе гузарномаҳои ононро гирифта ва гуфтаанд, ки дигар наметавонанд дар донишгоҳҳои Эрон ба таҳсил идома диҳанд.

Аммо вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар посух ба ин пурсиш гуфтааст, ки ҳеҷ дастуре аз сӯи ин вазорат дар бораи мамнуияти идомаи омӯзиши донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Эрон содир нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки Абдулвоҳид Маликов, сардабири маҷаллаи Чашма гуфтааст, духтараш донишҷӯи соли севвуми риштаи иқтисод дар донишгоҳи шаҳид Биҳиштии Теҳрон аст ва ба теъдоде аз ҳамклассиҳои вай, ки барои таътилоти тобистонӣ ба Тоҷикистон омадаанд, гуфтаанд, ки дигар наметавонанд ба Эрон бозгарданд ва гузарномаҳои ин донишҷӯёнро гирифтаанд.

Вай таъкид кардааст, ки набояд барои омӯзиши донишҷӯёни тоҷик мамониате эҷод кунанд ва ин афрод бояд битавонанд давраи таҳсили худро дар донишгоҳҳои Эрон ба поён расонанд.