Июл 11, 2017 10:00 Asia/Dushanbe
  • Баррасии тарҳи бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи Норак дар Душанбе

Мушорикати Бонки ҷаҳонӣ дар тарҳи бозсози таҷҳизоти нерӯгоҳи барқӣ-обии Норак дар дидори ҳайъате аз ин ниҳоди молии байналмилалӣ бо муовини вазири молияи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба нақл аз сайти Вазорати молияи Тоҷикистон, дар ин дидор Ҷамшед Каримзода, муовини аввали ин вазоратхона, Ранҷит Ламек мудири идораи сиёсати энергии Бонки ҷаҳонӣ ва ҳайъати ҳамроҳи ӯро аз раванди иҷрои тарҳи бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи барқӣ-обии Норак огоҳ кард.

Дар ин дидор, дар бораи саҳми молии Бонки ҷаҳонӣ дар марҳалаи дуввуми бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи барқӣ-обии Норак ва раванди омодагӣ ба сохти хатти интиқоли барқи Осиёи Марказӣ ба Афғонистон ва Покистон мавсум ба КАСА-1000 баҳсу табодули назар шуд.

Қаблан мақомоти Вазорати молияи Тоҷикистон аз музокира бо Бонки рушди исломӣ, Бонки рушди Осиё, Бонки рушд ва бозсозии Аврупо, Бонки сармоягузории зербиноии Осиё ва Бонки рушди Авруосиё барои ҷазби сармоя ин ниҳодҳо дар тарҳи бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи Норак хабар дода буданд.

Ҳукумати Тоҷикистон пеш аз ин ду турбина аз 9 турбинаи нерӯгоҳи Норакро бо қидмати беш аз 40 сол таъвиз карда буд.

Бо ин ҳол, ҳукумат эълом кардааст, барои бозсозии таҷҳизоти ин нерӯгоҳ ба ҷазби сармоягузории хориҷӣ ниёз аст, зеро ба далели кӯҳна шудани таҷҳизоти ин нерӯгоҳ, ин марказ танҳо бо 77 дарсади тавони хеш фаъолият мекунад.

Нерӯгоҳи Норак бо тавони тавлиди беш аз се ҳазор мегаватт барқ бо сарбанде 300 метрӣ дар 110 километрии шарқи Душанбе воқеъ шудааст, ки 70 дарсад аз барқи мавриди ниёзи Тоҷикистонро таъмин мекунад.

Осеби рӯзи 28 октябри соли 2016 нерӯгоҳи Норак, ки муҷиби қатъи барқи саросарӣ дар Тоҷикистон шуд, мақомоти давлатиро бар он доштааст, то дар бозсозии таҷҳизоти ин нерӯгоҳ шитоб кунанд.