Июл 11, 2017 11:33 Asia/Dushanbe
  • Таъсири ташдиди даргириҳо дар шимоли Афғонистон бар амнияти Тоҷикистон

Муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон муътақид аст, шиддат ёфтани даргириҳо дар шимоли Афғонистон амнияти Тоҷикистонро таҳдид мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайфулло Сафаров дар нишасти хабарии ин марказ дар Душанбе таъкид кард, ки интиқоли даргириҳо аз ҷануб ба шимоли Афғонистон бо мушорикати гурӯҳи террористии ДИИШ бахше аз бозии бузурги геополотикӣ аст, ки амнияти Тоҷикистонро ба хатар меандозад.

Сафаров гуфт: Ҳамзамонии интиқоли гурӯҳи террористии ДИИШ аз ҷануб ба шимоли Афғонистон ва тасмим ба афзоиши дубораи теъдоди низомиёни ғарбӣ дар ин кишвар ба маънии таҳдид алайҳи амнияти Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аст.

Вай афзуд: Таҳаввулоти ахир дар Афғонистон бахше аз бозии қудратҳои бузург дар ин кишвар аст ва гурӯҳи террористии ДИИШ ба танҳоӣ қодир ба эҷоди тағйир дар авзоъ ва амнияти Афғонистон нест.

Муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки ин кишвар бо ҳимояти Русия, Чин ва муттаҳидонаш дар Созмони паймони амнияти ҷамъӣ барои муқобила бо ҳар навъ таҳдиди гурӯҳҳои террористии мустақар дар шимоли Афғонистон аз омодагии лозим бархурдор аст.