Қонуни танзим ва сарфаҷӯӣ аз ду миллиард доллар дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i19898-Қонуни_танзим_ва_сарфаҷӯӣ_аз_ду_миллиард_доллар_дар_Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон эълом кард, ки иҷрои Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ин кишвар дар 10 соли гузашта 2 миллиард доллар сарфаҷӯӣ дар пай доштааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 11, 2017 15:42 Asia/Dushanbe
  • Қонуни танзим ва сарфаҷӯӣ аз ду миллиард доллар дар Тоҷикистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон эълом кард, ки иҷрои Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ин кишвар дар 10 соли гузашта 2 миллиард доллар сарфаҷӯӣ дар пай доштааст.

Ба гузориши сомонаи иттилоърасонии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо фаъолони бахшҳои иҷтимою иқтисодии ин кишвар дар шаҳри Душанбе гуфтааст, бо иҷрои Қонуни танзими маросим ва кам шудани бисёре аз масрафҳо аз 10 соли пеш то кунун фақр дар ин кишвар бо 23 дарсад коҳиш аз 53 ба 30 дарсад расидааст. Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин бо ишора ба аҳамияти пӯшиши миллии тоҷикон афзуд, дар ин авохир тақлид аз фарҳанги бегона таҳти таъсири таблиғоти шабакҳои интернетӣ дар миёни занону духтарон рӯ ба афзоиш аст ва онон бо пӯшидани либосҳои сиёҳ арзишҳои миллии тоҷикро нодида мегиранд. Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, шинохтани Худованд ба ақлу қалб аст, на ба либосу амомаву риш.

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз нақзи Қонуни танзими маросимҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сӯйи бархе аз намояндагони сохторҳои ҳукуматӣ интиқод карда гуфт, аз ин ба баъд мақомдороне, ки аз риояи ин қонун сарпечӣ кунанд, аз кор барканор хоҳанд шуд.