Пушти пардаи таҳқиқ аз аҳзоб дар Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон
(last modified Wed, 12 Jul 2017 04:27:52 GMT )
Июл 12, 2017 09:27 Asia/Dushanbe
  • Пушти пардаи таҳқиқ аз аҳзоб дар Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон

Раиси Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон гуфт, вогузории ҳаққи таҳқиқ ва бозҷӯӣ аз фаъолияти аҳзоб ба ниҳоди давлатии мубориза бо фасод ангезаи сиёсӣ дорад.

Ба гузориши шабакаи телевизионии “Сurrennttime.tv”, Раҳматуллоҳ Зоиров гуфтааст, ки ҳадаф аз ин иқдом шиддат бахшидани назорат бар фаъолияти аҳзоби сиёсӣ дар Тоҷикистон аст.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ахирҳои моҳи май бо тасвиби ислоҳот дар Қонуни мубориза бо фасоди молии ин кишвар ихтиёри таҳқиқ аз дафтарҳои созмонҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ, аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсиро ба Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии ин ҷумҳурӣ вогузор кард.

Раиси Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон мегӯяд, бар асоси қонунҳои ҳуқуқии ин кишвар, аҳзоби сиёсӣ ҳаққи дарёфти кӯмаки молӣ аз хориҷро надоранд, аз ин рӯ Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молӣ метавонад танҳо аз созмонҳо ва аҳзоб таҳқиқ ва бозҷӯӣ кунад, ки барои фаъолияти худ аз будҷаи давлатӣ баҳра мегиранд.

Ба гуфтаи Зоиров, ин дар ҳолест, ки будҷаи ҳеҷ ҳизби сиёсӣ ва ба вижа аҳзобе , ки мухолиф ва ё мунтақиди сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон ҳастанд, аз сӯйи ҳукумати ин кишвар таъмин намешавад.