Июл 12, 2017 21:29 Asia/Dushanbe
  • Эҷоди иштиғол, роҳи мубориза бо терроризм

Муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон эҷоди иштиғолро омили коҳиши гароиши афрод ба терроризм донист.

Ба иттилои хабаргузори Форс, Музаффар Ҳусайнзода дар чиҳилу чаҳорумин Нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ дар шаҳри Абидҷани Соҳили Оҷ гуфт: Яке аз роҳҳои коҳиши гароиши афрод ба гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ эҷоди иштиғол аст.

Муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт: Ҳимояти молӣ ва иқтисодӣ, кумак ба беҳбуди зерсохтҳои иҷтимоии кишварҳои дар ҳоли тавсеа ва иштиғолзоӣ метавонад авомили муассире дар ҷилавгирӣ аз гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ бошад.

Вай аз Созмони ҳамкории исломӣ хост, дар ҳалли масоили ҷаҳони ислом нақши муассире дошта бошад.

Заробиддин Қосимӣ, сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ва намояндаи доими ин кишвар дар Созмони ҳамкории исломӣ, Ҳусайнзодаро дар ин нишаст ҳамроҳӣ кард.

Дар ин нишаст, натоиҷи фаъолияти раёсати Узбакистон дар Шӯрои вазирони умури хориҷаи Созмон ҳамкории исломӣ дар солҳои 2016 ва 2017 ҷамъбандӣ ва бархе аз масоили марбут ба фаъолияти созмон баррасӣ ва масоил сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шуд.

Дар чиҳилу чаҳорумин Нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷаи Созмони ҳамкории исломӣ раёсати ин созмон аз Узбакистон ба Соҳили Оҷ таҳвил дода шуд.